Волейболбоздухтарони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ӯзбекистон соҳиби медали нуқра шуданд
ДУШАНБЕ, 23.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби бонувони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба волейбол дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барандаи медали нуқраи мусобиқаи байналмилалӣ шуданд. Дар ин бора аз Федератсияи волейболи Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба волейбол миёни духтарони то 17-сола, ки аз 19 то 23 апрел ба поси хотири чемпиони дукаратаи Бозиҳои олимпӣ Вера Дуюнова дар шаҳри Навоии Ӯзбекистон баргузор шуд, имрӯз ҷамъбаст гардид.
Дар мусобиқа 6 даста – 4 даста аз Ӯзбекистон («Олимп», «Суғдиёна», «Ҳумо», «Водӣ»), инчунин дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуда, тибқи системаи даврӣ дар як давр бозӣ карданд.
Ба иттилои котиби генералии Федератсияи волейболи Тоҷикистон Муҳиб Латипов, волейболбоздухтарони мо 5 бозӣ анҷом дода, бо 4 пирӯзӣ ва як бохт ҷои дуюмро ишғол карданд. Ҷои аввал насиби дастаи «Олимп» ва ҷои сеюм насиби дастаи «Ҳумо» аз Ӯзбекистон шуд.
Дар мусобиқа намояндагони Конфедератсияи волейболи Осиё иштирок намуданд.








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






