20 май — Рӯзи ҷаҳонии метеорология. Шиори имсолаи он «Ченкунӣ барои саломатӣ» аст

Май 20, 2021 10:39

ДУШАНБЕ, 20.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори  Рӯзи ҷаҳонии метеорология, ки ҳамасола 20 май дар саросари дунё таҷлил мегардад, дар Агентии «Тоҷикстандарт» ҳамоиши идона доир гардид.  Директори Агентӣ Темурҷон Абдулваҳобзода  изҳор намуд, ки «20 май — Рӯзи ҷаҳонии метеорология ҳамчун солгарди имзои Конвенсияи Метрии соли 1875 қайд карда мешавад ва дар  рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа саҳми метеорология басо бузург аст. Имрӯз соҳае нест, ки дар пешбурди кори он бахшҳои метеорология дахолат надошта бошанд. Моҳияти ин рӯз барои метеорологҳои тамоми ҷаҳон, бешубҳа бузург аст, чунки ба имзо расидани Конвенсияи метрӣ марҳилаи нави рушди метеорологияи байналмилалӣ мебошад ва ба пешрафти илмию техникии ҳамаи давлатҳо таъсири мусбат мегузорад».

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки  вазифаи асосии метеорология ба соҳаҳои гуногуни ҷомеа нигаронида шудааст, аз ҷумла, корхонаҳои истеҳсолӣ ва мақомоти давлатиро бо маълумоти дақиқ, ки барои ҳифзи саломатии аҳли ҷомеа ва сайёра зарурат доранд, таъмин менамояд.

Тамоми соҳаҳоро — тандурустӣ, энергетика, экология, тараққиёт ва ҷорӣ кардани технология, дастовардҳои илмию техникӣ, савдо ва ғайраҳоро бе саҳеҳияти ченак тасаввур кардан имконнопазир аст.

Имсол Рӯзи ҷаҳонии метеорология «ченкунӣ барои саломатӣ» ном гирифтааст. Ин мавзӯъ бо дарки муҳимияти ченкунӣ дар ҳифзи саломатӣ ва таъсиррасонии он ба некӯаҳволии ҳар нафари сайёра интихоб гардидааст.

Дар ҳамоиш сардори Раёсати таъминоти метеорологии Агентии «Тоҷикстандарт» Ҷӯрахон Раҳимзода оид ба дастовардҳои соҳа дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон иброз дошт, ки бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Агентии «Тоҷикстандарт» дар самтҳои стандартизатсия, метеорология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид. Имрӯз Агентии «Тоҷикстандарт» имконият дорад, ки масъалаҳои  ба тамоми самтҳои фаъолияти Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба стандартизатсия, метеорология ва сертификатсия  вобастаро мустақилона ҳал намояд.

Фаъолияти метеорологӣ оид ба таъмини ченаки ягона дар ҷумҳурӣ дар асоси манбаи маҳакҳои давлатӣ, яъне воситаҳои ченаки намунавии ниҳоят дақиқ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон манбаъҳои моддию техникии метрологии Агентии  «Тоҷикстандарт» солҳои охир  густариш ёфта,  озмоишгоҳҳои метеорологии дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои минтақавӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳозонида шуда, мутахассисони касбӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Ин имконият медиҳад, ки талаботи рӯзафзуни бахшҳои иқтисодиёти кишвар дар соҳаи назорати давлатии сифати маҳсулот, таъминоти метеорологии истеҳсолот, ҳолату истифодаи воситаҳои ченак ва санҷиш қонеъ гардонида шавад.

Дар ҳамоиш олимону коршиносони соҳаи метеорология оид ба аҳамияти соҳа ибрози назар намуданд. Дар охир мутахассисони соҳаи метеорология бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Май 20, 2021 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид