Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар пояи лавҳаи ёдгории «Боғи Ғалаба»-и пойтахт гулчанбар гузоштанд
ДУШАНБЕ, 08.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. 8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар «Боғи Ғалаба»-и пойтахт ба пояи лавҳаи ёдгорӣ гулчанбар гузоштанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди «Оташи ҷовидон» гулчанбар гузоштанд.
Дар ин маросим ҳамчунин, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири мудофиа, собиқадорони ҷанги бузурги ватанӣ ва намояндагони дигар мақомотҳо ба хотири қурбониёни ҷанг гулчанбарҳо гузоштанд.
Хабар такмил ёфт (09:50 бо вақти Душанбе) — дар номи манбаъ, иқтибосҳо тағйирот ворид гардид, бэкграунд васеъ карда шуд.









Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд






