ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар давраи соҳибистиқлолӣ водии Язгулом ба макони сабзу хуррам табдил ёфт
ХОРУҒ, 27.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории шуъбаи асосии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар деҳаи Дашти Язгуломи Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ таҳкурсии муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ барои 96 хонанда гузошта шуд. То ҳол кӯдакони ин деҳа 7 километр роҳро тай намуда, барои таҳсил ба деҳаи ҳамсоя мерафтанд.
Деҳаи Дашти Язгулом ҳарчанд дар сари роҳи байналмилалии Кӯлоб-Қалъаихум-Хоруғ-Мурғоб-Кулма ҷойгир бошад ҳам, то давраи истиқлол макони беоб буд. Деҳаи мазкур беш аз 60 гектар замини ҳамвор дорад, аммо бо сабаби набудани оби кишоварзию нўшокӣ касе дар он на хонаи истиқоматӣ месохту на дар заминаш маҳсулот кишт менамуд. Дар ин ҷо танҳо ду нафар хонавода зиндагӣ мекарданд, ки бо сабаби набудани обу барқ ин мавзеъро тарк намуданд. Ба гуфтаи яке аз сокинони куҳансоли ҷамоати деҳоти номбурда Арзандавлат Гандумаков, “маҳз аз баракати соҳибистиқлолӣ ин дашти сӯхта ба деҳаи ободу зебо табдил ёфта, даҳҳо гектар замини он ба боғу майдони кишт табдил дода шуд”.
Ҳоло дар ин ҷо 30 хонавода зиндагӣ намуда, бо оби нӯшокию кишоварзӣ, неруи барқ, алоқаи мобилӣ ва бунгоҳи тиббӣ таъминанд. Шумораи зиёди сокинони водии Язгулом, ки дар кӯҳдоманҳо зиндагӣ мекунанд, мақсад доранд ба ин деҳа кӯчанд. Бо афзоиши аҳолӣ теъдоди кӯдакону наврасон ҳам зиёд гардида, зарурати бунёди муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ низ ба миён омад. Бинобар ин аз ҷониби шуъбаи сохтмони асосии вилоят барои бунёди 6 синфхона 1 миллиону 275 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шуд ва давоми 10 рӯзи охир корҳои оҳану бетонхобонӣ дар таҳкурсии бинои муассисаи таълимӣ ба анҷом расида, бинокорон ба корҳои хиштчинӣ оғоз карданд.
Бинокорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Шодмон” тасмим гирифтаанд, ки бинои мазкурро то даҳаи дуюми моҳи август ба истифода супоранд, то хонандагону омӯзгорон имконият пайдо намоянд, ки 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли нави таҳсилу дарси сулҳро дар канори волидону ҳамдеҳагон бо суруру шодмонӣ истиқбол гиранд.










Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд






