ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар деҳаи Ноҷии Болои шаҳри Ҳисор беш аз 5,5 километр роҳ мумфарш мегардад

Май 13, 2021 09:39

ДУШАНБЕ, 13.05.2021/АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаи Ноҷии Болои Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор  дар раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ, ки имрӯзҳо ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷараён доранд, беш аз 5,5 километр роҳро аз шоҳроҳи Душанбе – Ҳисор то маркази деҳа мумфарш менамоянд.

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода бо мақсади иштирок дар ҳашари дастаҷамъонаи сокинони деҳаи Ноҷии Боло ба ин минтақа рафта, бо нақшаи мумфаршкунии роҳ аз шоҳроҳи Душанбе – Ҳисор то маркази деҳа, ки зиёда аз 5,5 километрро ташкил медиҳад, шинос шуд. Дар мавзеи роҳ, ки мумфарш мегардад,  техникаҳои роҳсозии ширкати «Роҳи тоҷик», инчунин  пирони кор ва ҷавонони деҳа бо белу каланд ғарами асфалти гармро болои роҳ ҳамвор менамуданд.

Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва  эълони соли 2021- Соли роҳҳои обод дар Ҳисор дар деҳоти шаҳр бо дастгирии соҳибкорони бонангу номус ва аҳолӣ роҳҳои ҳудуди деҳаҳо таъмиру таҷдид ва мумфарш мегарданд.

Дар меҳвари ин ташаббусҳо дар чор моҳи имсол беш аз 30 километр роҳ дар маҳаллаҳои Белайдуз, Омӯзгор, Ҳамадонӣ ва кӯчаҳои Неъмат Қарабоев, Муҳаммадӣ Сатторови Ҷамоати шаҳраки Ҳисор, инчунин зиёда аз 10 километр дар деҳаҳои Бағалаки Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ва Мортеппаи Ҷамоати деҳоти Сомон мумфарш карда шуданд. Мояи хушнудист, ки ин иқдом пайваста раванди тоза касб карда, пайравӣ ба он ба ҳукми анъана даромадааст.

  АКСҲО аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Май 13, 2021 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд