ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Наврасони маркази ноҳияи Мурғоб соҳиби толори варзишӣ мегарданд

Май 23, 2021 09:21

ХОРУҒ, 23.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Мурғоб дар остонаи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби толори нави варзишӣ шуда, минбаъд тамрину мусобиқаҳои варзишии худро дар чор фасли сол идома хоҳанд дод.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад, ин толори варзишӣ бо кумаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, соҳибкорони маҳалӣ ва неруи кории омӯзгорону ҷавонони маркази ноҳия сохта мешавад.  Раиси ноҳия Ҳусния Раҷабзода зимни боздид аз толори мазкур аз бинокорон хоҳиш намуд, ки «ба суръату сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти ҷиддӣ равона кунанд, зеро тобистони ин ноҳияи баландкӯҳ хеле кӯтоҳ-ҳамагӣ се моҳро дар бар мегирад ва бо истифода аз рӯзҳои гарм корҳои андовакунӣ ва рангу боркунӣ бояд то охири моҳи август ба анҷом расонида шаванд. Коре кунем, ки ин толори варзишӣ барои чандин  насл хизмат намояд”.

Дарозии олори варзишӣ 24 метр буда, паҳноии он ба 12 метр мерасад.

Корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳия Канатбек Колчокбоев, ки рӯзҳои истироҳат ҳамроҳи бинокорон кор мекунад, бунёди толори варзиширо барои тамрини бадан, такмили истеъдоду маҳорати варзишии кӯдакону наврасон ва ҷавонони ноҳия хеле муҳим мешуморад. Дар ин ҷо барои баргузор кардани мусобиқаҳо аз намуди футболи хурд, волейбол,баскетбол шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Мавсуф гуфт, ки «баргузории бозиҳои варзишӣ на танҳо ба рушди варзиш дар ноҳия кумак мерасонад, балки дӯстию рафоқати байни  ду миллат -тоҷику қирғизро, ки садсолаҳо дӯш ба дӯш истода, барои ободонии ин гӯшаи дурафтодаи Тоҷикистон талош меварзанд, боз ҳам қавитар месозад».

Бинокорон гуфтанд, ки толори варзиширо дар арафаи ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода месупоранд.

АКСҲО аз МИҲД ноҳияи Мурғоб

Май 23, 2021 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ «Тоҷик-Алмос»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб Беморхонаи хусусии ташхисию табобатии «Мирзоён»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб марказҳои обтаъминкунӣ ва корезро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб 10 иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-и шаҳри Кӯлобро баъд аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Мабно»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлобро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд