ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Роҳи кӯчаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд мумфарш мегардад

Май 21, 2021 10:04

ДУШАНБЕ, 21.05.21 /АМИТ «Ховар»/. Дар раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфаршкунии роҳи асосии кӯчаи Пахтакори маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонови шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расман оғоз гардид.

Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад, ки дар оғози корҳои мумфаршкунии роҳ Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дод, ки бо дастур ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят бунёди садҳо адад иншооти таъйиноташон гуногун бомаром идома дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки роҳи кӯчаи Фирдавсӣ, ки аз буриши кӯчаи Камоли Хуҷандӣ то сарҳади ҷанубии шаҳри Хуҷанд мерасад, беш аз 1, 2 километр буда, паҳноиаш 10 метр мебошад. Ҳаҷми умумии корҳо беш 12 000 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Фармоишгар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд буда, пудратчии корҳо Идораи роҳсозии шаҳри Хуҷанд аст.

Раиси Шӯрои бонувони маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонов Хайринисо  Темирова ва дигар сокинон иқдоми созандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро гарм истиқбол  намуда, таъкид доштанд, ки дар ҳамбастагӣ диёри худро то ҷашни  30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ободу зебо менамоем.

Кӯчаи Пахтакори маҳаллаи Қорираҳмат Қурбоновии шаҳри Хуҷанд яке аз кӯчаҳои асосии маҳаллаи Пахтакор буда, дар шафати он сокинони зиёд дар хонаҳои баландошёна ва ҳавлиҳо то марзи маъмурии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ менамоянд. Дар ин кӯча муассисаҳои соҳаи маориф, идораҳои давлатӣ, марказҳои савдо мавҷуд буда, дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон он бори аввал мумфарш карда мешавад.

      Акс аз хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Май 21, 2021 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд