ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкорони ноҳияи Сангвор дар деҳаи Лайрони боло пули пиёдагузар месозанд
САНГВОР, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Лайрони болои деҳоти Сангвор бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ пули пиёдагузар ба истифода дода мешавад. Ҳамзамон сохтмони биноҳои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сангвор, шуъбаи бемориҳои сироятӣ, хатти баландшиддати 35 кВт Шугнов-Тавилдара, толори варзиш дар деҳоти Чилдара, толори варзиш ва бунгоҳи тиббӣ дар Ҷамоати деҳоти Вахё идома дорад.
Сармеъмори ноҳияи Сангвор Талбӣ Назаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода додани 107 иншооти хурду миёна, аз ҷумла меҳмонхонаҳои замонавӣ, осоишгоҳи табобатӣ, марказҳои хизматрасонӣ, сартарошхонаҳо, синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, биноҳои маъмурӣ ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 70 иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, дар 37 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Ҳамчунин баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ бунёди меҳмонхона дар маркази ноҳия, ҳавзи моҳипарварӣ дар Ҷамоати деҳоти Тавилдара ва якчанд иншооти хурди маданию маишӣ ба наздикӣ анҷом меёбад.
Сармеъмори ноҳия тазаккур дод, ки дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни миллӣ дар ноҳияи Сангвор корҳои бунёдию созандагӣ идома дошта, дар чор моҳи соли 2021 аз буҷети маҳаллӣ барои таҷдиди сохтмони биноҳои маъмурии Ҷамоати деҳоти «Тавилдара», шуъбаи бемориҳои сироятӣ ва боғи фарҳангӣ — фароғатӣ 640 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст.
Бо сабаби афзоиши аҳолӣ ва зиёд шудани шумораи хонандагон дар ноҳия зарурати бунёди мактабу синфхонаҳои иловагӣ пеш омадааст. Тибқи нақша, дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 5, 6, 12, 14, 31 синфхонаҳои иловагӣ сохта ва дар марказҳои ҷамоати деҳоти ноҳия 4 майдончаи варзишии замонавӣ низ бунёд шудаанд.
Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар» ва муаллиф








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






