ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. То ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ қитъаи роҳи Шкев-Қалъаихум ба истифода дода мешавад

Май 28, 2021 14:17

ХОРУҒ, 28.05.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Дар қитъаи роҳи Шкев-Қалъаихум 90 фоизи корҳои таҷдиду таъмир анҷом ёфта, рӯзҳои наздик мумфаршкунии қабати дуюм низ ба охир мерасад. Ҳоло дар ин қитъаи роҳ 82 адад техникаву механизмҳои пуриқтидори роҳсозӣ машғули коранд. Мутобиқи лоиҳа, дарозии роҳ 25 километру 640 метр буда, дар асоси меъёрҳои роҳсозии байналмилалӣ сохта мешавад.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад, барои бунёди ин қитъаи роҳ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд 3 млн 271 ҳазору 549 доллари амрикоӣ ҷудо шудааст.

Ба гуфтаи муҳандиси роҳсоз Муҳаммадҷон Ширинҷонов, “ҷараёни сохтмони роҳро Ширкати машваратчӣ бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба аз кишварҳои Чин, Корея ва Арабистон  назорат мебарад. Ба бунёди роҳ ҳоло 409 нафар мутахассисони соҳаи роҳсозӣ ва коргарони гуногункасб ҷалб шудаанд, ки 374 нафари онҳо сокинони маҳаллӣ мебошанд. Ҷалби сокинони маҳаллӣ ба кор агар аз як сӯ сатҳи бекориро дар ноҳия коҳиш диҳад, аз сӯи дигар онҳо дар ҷараёни кор лаёқату маҳорати касбии худро сайқал дода, дар оянда дар дигар қитъаҳои ин роҳи байналмилалӣ низ ба кор ҷалб мешаванд”.

Ин қитъаи роҳ аз ду хати ҳаракат иборат буда, паҳноии умумиаш 12 метр аст, ки 7 метри он мумфарш карда мешавад. Дар баробари ин дар яке аз мавзеъҳои хатарзо ба масофаи 300 метр нақб ва дар мавзеи дигар пули мошингузар бунёд мегардад.

Қитъаи роҳи Шкев-Қалъаихум дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуда, аз моҳи сентябр таъмиру навсозии қитъаи роҳи Қалъаихум-Ванҷ оғоз меёбад.

Май 28, 2021 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд