Ғайратшо Соҳибназар доираҳои иқтисодию тиҷоратии Полшаро ба амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон даъват намуд
ДУШАНБЕ, 25.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 май Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Полша (бо қароргоҳаш дар Берлин) Ғайратшо Соҳибназар дар чаҳорчӯби сафари корӣ бо муовини вазири рушди иқтисод, кор ва фанноварии Ҷумҳурии Полша Роберт Томанек мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, муҳоҷирати корӣ ва сайёҳиро баррасӣ намуданд.
Зикр гардид, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Полша, инчунин ҳамоишҳои соҳибкорони ду кишвар метавонанд саҳифаи навро дар робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии ду давлат боз намоянд.
Сафир аз доираҳои иқтисодию тиҷоратии Полша даъват кард, ки дар амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон иштирок намоянд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд






