Ҷаласаи иттиҳоди омбудсменҳои Авруосиё 23 июн дар Москва баргузор мешавад

Май 18, 2021 11:23

ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи панҷуми иттиҳоди омбудсменҳои Авруосиё 23 июн дар Москва баргузор гардида, ба маъюбон бахшида мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Иттиҳоди омбудсменҳои Авруосиё моҳи декабри соли 2017 таъсис ёфтааст. Ба он роҳбарони институтҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи инсони Россия, Арманистон, Сербия, Эрон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон шомил мебошанд. Ҷумҳурии Беларус низ ба кори иттиҳод таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.

Ёдовар мешавем, ки аввалин омбудсмени Тоҷикистон Зариф Ализода буд, ки 10 сол дар ин вазифа кор кардааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2019 Ваколатдори нави ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода таъйин шуд (ДАР СУРАТ), ки қаблан вазифаи мушовири Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқиро ба уҳда дошт.

Май 18, 2021 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ