Ҷаласаи Ситоди корӣ оид ба бартарафсозии қарздории музди меҳнат баргузор гардид

Май 14, 2021 16:19

ДУШАНБЕ, 14.05.2021 /АМИТ «Ховар»/.  14 май  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи ситоди кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба бартарафсозии қарздории музди меҳнат баргузор гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласа масъалаи сари вақт пардохт намудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои гуногуни иқтисоди ҷумҳурӣ омили мусоидаткунанда ба сатҳи зиндагии аҳолӣ буда, зери назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Вазорат ҳамчун мақоми ваколатдор дар ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо дар самти идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат ҷиҳати назорати пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони муассисаву ташкилот пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Зимни ҷаласа зикр шуд, ки айни замон бо вуҷуди зери назорати қатъӣ қарор доштани фаъолияти ситодҳои доимоамалкунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазъ дар самти бартарафсозии қарздории музди меҳнат ба беҳбудӣ ниёз дорад.

Доир ба ин масъала гузориши сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,  намояндагони вазорату идораҳо, муовинони раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо — раисони ситодҳои доимоамалкунанда оид ба бартарафсозии қарздории музди меҳнат, инчунин роҳбарони корхонаву ташкилоте, ки аз пардохти музди меҳнат қарздоранд, аз натиҷаи фаъолият ва дар бораи сабабҳо ва тадбирҳои андешидашуда дар самти пешгирӣ аз пайдоиш ва пардохти қарз аз музди меҳнати кормандон ҳисобот доданд.

Бо муайян гардидани сабабҳои пайдоиши қарз аз музди меҳнати кормандон аз ҷониби раиси ҷаласа ба масъулин бо назардошти хусусияти корхонаҳои қарздор тавсия ва дастуру супоришҳо дода шуданд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки таҳияи ҷадвали моҳ ба моҳ пардохт намудани қарздории музди меҳнат то пурра ҳисобӣ намудани он, фурӯши маҳсулоти мавҷуда, ҷамъоварии ҳаққи хизматрасониҳои ташкилот, ба музояда гузоштани дороиҳои корхона, худдорӣ аз хароҷоти дуюмдараҷа ва ғайраҳо аз ҷумлаи роҳҳои ҳалли масъала маҳсуб меёбанд.

Намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар кори ситод иштирок намуда, омодагии худро дар тақвияти фаъолият ва ҳалли мушкилоти мавҷуда иброз намуданд.

Дар хотима бо назардошти баррасии масъала ва таҳкими фаъолият ҷиҳати пардохти саривақтии музди меҳнати кормандон супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Май 14, 2021 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид