АЛЛАКАЙ ПАГОҲ! Ҳамаи иштирокчиёни даври ниҳоии озмуни «Евровидение-2021», ки рӯзи шанбе баргузор мешавад, муайян гардиданд

Май 21, 2021 11:38

ДУШАНБЕ, 21.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Роттердами Нидерланд даври дуввуми нимниҳоии озмуни «Евровидение-2021» баргузор шуд. Аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳии шунавандагон, сарояндагон аз даҳ кишвари дигар — Албания, Булғористон, Молдова, Сербия, Юнон, Финландия, Португалия, Исландия, Швейтсария ва Сан-Марино ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Ин маълумот дар саҳифаи «Twitter»-и ташкилкунандагони озмун ҷой карда шудааст.

Акнун бо онҳо дар даври ниҳоӣ намояндагони Россия, Норвегия, Исроил, Озарбойҷон, Малта, Литва, Кипр, Шветсия, Белгия ва Украина рақобат мекунанд.

Гуфта мешавад, ки намояндаи кишвари мизбони озмуни имсола Нидерланд ва инчунин сарояндагон аз кишварҳои бунёдгузори он — Британияи Кабир, Испания, Германия, Италия ва Франсия ба таври худкор ба финал роҳхат мегиранд.

Россияро дар «Евровидение-2021» зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин муаррифӣ мекунад, ки пас аз натиҷаҳои даври нимниҳоии аввал ба даври ниҳоӣ баромад. Манижа суруди «Russian Woman» («Зани рус»)-ро иҷро мекунад. Рӯзи шанбе ӯ дар қисми якуми даври ниҳоӣ таҳти рақами 5 суруд мехонад.

Ҳамин тавр, шаби 21 май пас аз ба итмом расидани даври нимниҳоии дуюми озмун қуръакашии иштирокчиёни даври ниҳоӣ баргузор шуд. Марҳилаи ниҳоиро сароянда аз Кипр Елена Тагрин бо суруди El Diablo мекушояд.

Баъдан иштирокчиён бо тартиби зайл баромад мекунанд:

  1. Анжела Перистери (Karma) — Албания.
  2. Эден Алене (Set Me Free) — Исроил.
  3. Hooverphonic (The Wrong Place) — Белгия.
  4. Манижа («Русская женщина») — Россия.
  5. Дестини Чукунйере (Je Me Casse) — Малта.
  6. The Black Mamba (Love Is On My Side) — Португалия.
  7. Hurricane (Loco Loco) — Сербия.
  8. Джеймс Нйюман (Embers) — Британияи Кабир.
  9. Стефания (Last Dance) — Юнон.
  10. Gjon’s Tears (Tout l’Univers) — Швейтсария.
  11. Daði & Gagnamagnið (10 Years) — Исландия.
  12. Бласа Канто (Voy A Quedarme) — Испания.
  13. Наталя Гордиенко (SUGAR) — Молдова.
  14. Jendrik (I Don’t Feel Hate) — Германия.
  15. Blind Channel (Dark Side) — Финляндия.
  16. Victoria (Growing Up Is Getting Old) — Болгария.
  17. The Roop (Discoteque) — Литва.
  18. Go_A («Шум») — Украина.
  19. Барбара Прави (Voilà) — Франсия.
  20. Самира Эфенди (Mata Hari) — Озарбойҷон.
  21. TIX (Fallen Angel) — Норвегия.
  22. Жангю Макрой (Birth Of A New Age) — Нидерланд.
  23. Måneskin (Zitti E Buoni) — Италия.
  24. Tusse (Voices) — Шветсия.
  25. Senhit (Adrenalina) — Сан-Марино.

Дар маҷмӯъ, дар даври ниҳоӣ намояндагони 26 кишвар — Албания, Белгия, Кипр, Юнон, Исландия, Исроил, Малта, Португалия, Россия, Сербия, Испания, Швейтсария, Британияи Кабир, Озарбойҷон, Булғористон, Финляндия, Франсия, Германия, Италия, Литва, Молдова, Норвегия, Сан-Марино, Шветсия, Украина ва Нидерланд баромад мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии озмуни маъруфи «Евровидение-2021» рӯзи шанбе, 22 май, дар Роттердам баргузор мешавад.

Пахши мустақим соати 22:00 ба вақти Москва (00:00 ба вақти Душанбе) тавассути Шабакаи аввали телевизиони Россия ва онлайн дар сомонаи расмии ин шабака дар суроғаи зерин дастрас аст.

Ҳамчунин тамошои даври ниҳоии озмун дар канали расмии «YouTube»-и «Eurovision Song Contest» имконпазир аст.

АКС аз бойгонӣ

Май 21, 2021 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд