Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Биржаи меҳнатии муҳоҷирон» ба фаъолият шурӯъ намуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Биржаи меҳнатии муҳоҷирон» ба фаъолият шурӯъ намуд. Федератсия ва ташкилоти ҳамузви он дар ҳамкорӣ бо ташкилоти иттифоқҳои касабаи давлатҳои узви ИДМ дар самти муҳоҷират ҳамкории тарафайн дошта, фаъолияти Биржаи меҳнатӣ дар оянда баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва муташаккилона сафарбар намудани онҳо тибқи шартномаҳои тарафайн бо шарикони хориҷӣ робитаҳоро ба роҳ мемонад.
Дар ин бора аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ҳадаф аз таъсиси “Биржаи меҳнатии муҳоҷирон”-ро васеътар татбиқ кардани ҳадафҳои оинномавии ташкилоти иттифоқҳои касаба арзёбӣ намуда, гуфт, ки алҳол иттифоқҳои касаба дар асоси имконоти нав фаъолияти худро таҷдид намуда, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кормандонро ҳифз менамояд.
Директори биржа Юлдош Эшов иброз намуд, ки мақсади асосии корхона бо кор таъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар, ҳамчунин ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ ва иқтисодӣ-иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, расонидани кумаки амалӣ барои дарёфти ҷойҳои нави корӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ ба ҳисоб меравад.
АКС аз маркази матбуоти ФИКМТ








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






