«Амонатбонк» барои сокинони аз офати табиӣ зарардидаи минтақаи Кӯлоб суратҳисоби махсус боз намуд
ДУШАНБЕ, 14.05.2021/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади анҷом додани амали хайрия ва расонидани кумак ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи минтақаи Кӯлоб дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» суратҳисоби махсус кушода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ доданд.
Хоҳишмандон, шахсону хайрхоҳу саховатманд ва эҳсонкор метавонанд кумакпулии худро ба суратҳисобҳои зерин ирсол намоянд:
бо пули миллӣ-сомонӣ: 26202972700515457000
бо рубли русӣ: 26204810800517457000
бо доллари ИМА: 26204840800516457000
Боронҳои пайдарпаи шадид ва омадани сел дар бархе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб хисороти зиёди молӣ ба бор оварда, талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шуд. Бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб шоми 11 май бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Рустам Назарзода ба маҳали аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Муъминободи вилояти Хатлон сафарбар гардиданд, то дар ҷои ҳодиса мушкилоти мардуми зарардидаро ҳал намоянд.
АКС: БДАТ «Амонатбонк»








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ






