Ҳавасмандии Полша барои ҳамкории тиҷоратӣ бо Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 24.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Полша (бо қароргоҳаш дар Берлин) Ғайратшо Соҳибназар бо Ноиби президент, Мудири кулли Палатаи тиҷорати Ҷумҳурии Полша Марек Клотско, ки 21 майи соли 2021 баргузор гардид, доираи васеи имконияти ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ғайратшо Соҳибназар зикр намуд, ки раванди саноатикунонии кишвар, таъсиси равзанаи ягона ба манзури содагардонии амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва убурӣ, мавҷудияти имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, аз ҷумла барои доираҳои тиҷоратии кишварҳои Аврупои Шарқӣ имконияти мусоид фароҳам овардааст.
Мар Клотско иброз дошт, ки соҳибкорони полшагӣ ба роҳандозии ҳамкории тиҷоратӣ бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд. Аз ин рӯ, ҷонибҳо баҳри танзими форуми маҷозии соҳибкорон миёни ду кишвар дар тирамоҳи имсол ибрози омодагӣ намуданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид






