«ҶАВОНОН ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАНАНД». Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон маҳфили идона доир шуд

Май 18, 2021 15:48

ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон чашми бедори ватананд» ҳамоиши идона баргузор шуд.

Дар он сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шаҳзод Раҳимзода, роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард»-и назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фируз Қодиров, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён ва устодону донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.

Ректори Донишкадаи мазкур Ҷило Гулназарзода ҷавононро бо  идашон табрик гуфта, ба онҳо барои фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳо орзу намуд.

Мавсуф гуфт, ки «ҷавонон дар ҳама давру замон барои тамоми низомҳои сиёсии давлатдорӣ неруи пешбарандаи ҷомеа ба шумор мераванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва ин таваҷҷуҳ бесобиқа аст. Аз ин рӯ ҷавонон дар ҳар фаъолияте набошанд, бояд баҳри халқу диёри худ аз сидқ хизмат намоянду дар ободии Ватан, ки такягоҳи аслии онҳост, ҳамаҷониба талош варзанд».

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шаҳзод Раҳимзода иброз дошт, ки «баргузор намудани чунин барномаҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, имрӯзҳо  дар ҳама  самтҳо ҷавонон аз ҷониби давлату Ҳукумат ва роҳбарияти корхонаву муассисаҳо дастгирӣ меёбанд. Ин ҳама дастгириву ғамхорӣ ба пешрафту рушди ватану миллат равона гардидааст».

Роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард»-и назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Қодиров ҷавононро табрик намуда, аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ба якчанд нафар  ҷавонони фаъоли ин донишкада сипоснома ва туҳфаҳои рамзӣ супорид.

Илҳомҷон Ҳамидиён аз номи роҳбарияти  КИ ҲХДТ  ҷавононро табрик намуда, иброз кард, ки «сиёсати давлатии ҷавонон, ки дар саргаҳи он Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд, бори дигар собит мекунад, ки ин қишри ояндадор, ояндасоз ва бунёдкор  имрӯз дар меҳвари сиёсати  созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дорад. Боварии комил дорам, ки ин неру  барои ояндаи давлату миллат самимона талош меварзад, то беш аз пеш рушд намояд. Инчунин ин ҷавонон дар баробари гиромидошти Рӯзи ҷавонон инчунин  Рӯзи ваҳдати  миллӣ ва ҳамзамон 30-солагии Истиқлоли давлатиро низ бо тантана ва шаҳомати хосса таҷлил намуда, дар ин самт саҳми назаррас мегузоранд. Тавре шоир Ниҳонӣ фармуда:

Ҷавониро далерӣ, зиракиву нанг мезебад,
Ирода, рӯҳи солим, бозуи чун санг мезебад.
Ҷасурию фидокорӣ чу  пешоҳанг мезебад
Худафрӯзиву роҳи донишу фарҳанг мезебад».

Мавриди зикр аст, ки дар қисмати фарҳангии маҳфил донишҷӯён бо қироати шеъру дубайтӣ ва сурудҳо дар васфи ишқу ҷавонӣ табъи иштирокчиёнро болида гардониданд.

Ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон чашми бедори ватананд» бо супоридани Диплому сипосномаҳо ба ҷавонони фаъоли донишкада ҳусни анҷом пазируфт.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз ДДЗТ

Май 18, 2021 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон бо озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ таъмин гардиданд
Таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди ғизои мактабӣ бо намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ баррасӣ гардид
150 нафар соҳиби шаҳодатномаи маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гардиданд
ОГОҲӢ! Аз 6 то 8 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид
Дар Кӯлоб аксари иншооти аз офати табиӣ осебдида барқарор гардида, оилаҳои зарардида соҳиби хонаҳои нав мешаванд
Дар Душанбе Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология оғоз гардид
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. 24 истироҳатгоҳи мавсимии беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад