«ҶАВОНОН ВА 30 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ».Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин доир мешавад
ДУШАНБЕ, 24.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҷавонон ва 30 соли истиқлол» Озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин эълон менамояд. Озмуни мақолаи беҳтарин дар ду давр баргузор шуда, то арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъбаст мегардад.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, равнақи зиракии сиёсии ҷавонон ва пешгирии ҳама гуна амалҳои номатлуби иҷтимоӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Мақолаҳои пешниҳодшуда бояд фарогири мавзӯъҳои дастоварди ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу гурӯҳҳои тундраву даҳшатафкан, гаравидан ба фарҳанги миллатҳои ғайр ва тақлиди бемаврид ба либосҳои Шарқу Ғарб бошанд.
Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.
Довталабон метавонанд шакли чопӣ ва электронии мақолаҳои худро то 20 июни соли 2021, соати 17:00 ба унвони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Спортивная 6, утоқи 21 ё ба суроғаи электронии: zarnigorrajabova@gmail.com равон намоянд.








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд






