Аз 6 то 9 май дар «Кохи Борбад» намоиш-фурӯши молҳои истеҳсоли ватанӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 то 9 май дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоиш—фурӯши молҳои истеҳсоли ватанӣ баргузор мегардад.
Тавре аз Палатаи савдо ва саноат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, намоиш-фурӯши молҳои истеҳсоли ватанӣ дар доираи лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон — 2021» доир гардида, дар он номгӯи зиёди маҳсулоти хӯрокворӣ, молҳо барои хона, маҳсулоти қаннодӣ, ҳасибӣ, нӯшокӣ, маҳсулоти ширӣ, ороишӣ, кимиёи маишӣ пешниҳоди харидорон гардонида мешаванд.
Дар намоиш-фурӯши мазкур истеҳсолкунандагон моли худро бо нархи яклухт ва аз нархи бозорҳо пасттар пешниҳоди ҳамагон мегардонанд. Меҳмонон ва сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар баробари шиносоӣ бо намудҳои гуногуни маҳсулот, ҳамчунин онҳоро бо нархи арзон харидорӣ намоянд.








Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад






