Азим Иброҳим ва Лилия Бурунчук ҳамкории Тоҷикистонро бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи нақлиёт баррасӣ карданд

Май 28, 2021 15:51

ДУШАНБЕ, 28.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи таҳкими ҳамкории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ  ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи нақлиёт  дар мулоқоти  Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ бо роҳбарии Лилия Бурунчук – директори иҷроияи намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Вазири нақлиёт ба Бонки ҷаҳонӣ барои ҳамкории доимӣ ва дастгирӣ ҷиҳати рушди бахшҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беҳбуди инфрасохтори нақлиётии кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Ин аст, ки бо шарофати сиёсати оқилонаи Пешвои миллат Тоҷикистон ба яке аз долонҳои калидии нақлиётӣ ва транзитии кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон дар ҳама  барномаҳои ҳамкорӣ ҳамеша оид ба рушди савдо пешниҳод манзур намуда, ҳамин гуна пешниҳодҳоро аз ҷониби дигар кишварҳо дастгирӣ ва истиқбол менамояд.

Яке аз шарикони кишвар дар рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи нақлиёт ва савдо Бонки ҷаҳонӣ мебошад. Ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар бахши нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2014 оғоз ёфта, айни замон бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи нақлиёт ба маблағи 74,4 2 миллион доллари амрикоӣ лоиҳа амалӣ карда мешавад. Саҳми Бонк дар татбиқи лоиҳаҳо 65,4 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ, лоиҳа барқарорсозии шаш қитъаи роҳи мошингарди Хуҷанд- Исфара бо дарозии 74,4 км-ро дар бар мегирад, ки соли 2018  бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ ба истифода дода шуданд. Вазири нақлиёти  Тоҷикистон Азим Иброҳим афзуд, ки ҳамкории Вазорати нақлиёт бо Бонки ҷаҳонӣ боз ҳам қавитар хоҳад шуд.
Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ аз ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, барои густариши минбаъдаи равобит таклифҳо пешниҳод намуданд.

 Аксҳо аз  Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 28, 2021 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд