Азим Иброҳим ва мутахассисони БОР татбиқи лоиҳаҳои соҳаи роҳдорӣ ва нақлиёт дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд

Май 29, 2021 08:33

ДУШАНБЕ, 29.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии молиявии Бонки Осиёгии Рушд /БОР/ ду лоиҳа дар  вилояти Хатлон, марҳилаҳои  якум ва дуюми лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи автомобилгарди «Душанбе –Бохтар» татбиқ шуда истодаанд, ки ҳиссаи БОР дар ин лоиҳаҳо 157,2 миллион доллари амрикоӣ ё 77 фоизро аз маблағи умумӣ (203,8 миллион доллари амрикоӣ) ташкил мекунад. Чунин зикр гардид дар мулоқоти маҷозии Вазири нақлиёти Тоҷикистон  Азим Иброҳим бо ҳайати мутахассисони БОР оид ба рушди нақлиёти шаҳрӣ Ллойд Фредерик Райт,  Бертран Гоулу ва Фаррух Нуриддинов.

Тибқи хабари Вазорати нақлиёти Тоҷикистон,  дар мулоқот татбиқи лоиҳаҳои соҳаи роҳдорӣ ва нақлиёт ва рушди ин соҳаи муҳими иқтисоди Тоҷикистон  ва саҳми БОР дар татбиқи онҳо баррасӣ гардиданд. Зикр шуд, ки ҳамкории Вазорати нақлиёт бо Бонки Осиёгии Рушд аз соли 2000 оғоз гардида, 12 лоиҳа бо дастгирии БОР татбиқ шудаанд. Ҳиссаи маблағи ҷалбшудаи БОР 434,4 миллион  доллари амрикоӣ ё ин ки 83 фоизро дар таркиби лоиҳаҳои муштарак бо дигар институтҳои молиявӣ ташкил медиҳад.

Таъкид шуд, ки бо кумаки молиявии БОР дар ҳаҷми 110 миллион доллари амрикоӣ марҳилаи якуми лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди «Обигарм – Нуробод» оғоз гардида, айни замон аз ҷониби пудратчӣ сафарбаркунии техникаву таҷҳизот ва ҳайати муҳандисону мутахассисон оғоз гардидааст. Корҳои омодагӣ, аз ҷумла пардохти ҷубронпулӣ ба маблағи 3,3 миллион сомонӣ, ҷудо кардани замин ва кӯчонидани сокинони минтақа сари вақт иҷро гардид. Инчунин 19 ноябри соли 2020 БОР сармояро дар ҳаҷми 67,5 миллион доллари амрикоӣ барои сохтмони роҳҳои мошингарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт ва Бохтар-Данғара Гулистон тасдиқ намуд, ки оғози корҳои сохтмонӣ дар ин лоиҳаҳо имсол пешбинӣ шудааст.

Вазири нақлиёт пешниҳод намуд, ки ҳамкории тарафҳо дар самти рушди инфрасохтори нақлиёти шаҳрӣ ба таваҷҷуҳи бештар ниёз дорад, зеро шаҳри Душанбе ба Мегаполиси минтақавӣ табдил ёфта,  шумораи сокинони расмии он беш аз 900 ҳазор нафарро ташкил менамояд. Дар ин самт аз ҷониби КВД «Шаҳри ҳушманд» лоиҳаи рушди инфрасохтори нақлиёти шаҳрӣ бо назардошти сохтмони роҳравҳои ҳаво дар гузаргоҳҳо, васлу насби камераҳо ва дигар таҷҳизоти мушоҳидавӣ дар гузаргоҳҳои пиёдарав, хиёбонҳо ва гулгаштҳо пешбинӣ шудааст. Тибқи маълумоти Вазорат, дар ояндаи наздик барои таъмини ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёти шаҳрӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ ва гузаргоҳҳо сохтмони 10 пулҳои (эстакада) сесатҳа зарур мебошад ва мо дар ин самт ҳамкориро бо Бонк тақвият хоҳем бахшид.

Ллойд Фредерик Райт омодагии Бонки Осиёии Рушдро  дар баррасӣ ва татбиқи лоиҳаҳои соҳаи нақлиёт ва таъмини рушди инфрасохтори нақлиёти шаҳрӣ дар оянда низ баён намуд. Зикр шуд, ки пешниҳоди БОР соли 2013 оид ба баррасии масъалаҳои танзими анбӯҳи мусофирон, мушкилоти нақлиёти ҷамъиятӣ ва пешбинии масъалаҳои беҳтар гардонидани инфрасохтори нақлиёти шаҳрӣ ирсол гардида буд ва мо ҳоло ҳам омода мебошем, ки чунин намуд лоиҳаҳоро барои шаҳри Душанбе дастгирӣ намоем.

Мутахассиси калони лоиҳаи бонк Фаррух Нуриддинов зикр намуд, ки дар якҷоягӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи муфассал бо масъулини шаҳри Душанбе ҳамкорӣ менамоянд ва омода анд лоиҳаи таҳиянамудаи КВД «Шаҳри ҳушманд»- шаҳри Душанберо бо масъулин ва ҷалби ширкати машваратӣ муфассал тарҳрезӣ намоянд. Лоиҳаи пешниҳодгардида иборат аз 10 ҷузъ (компонент) буда, маблағи умумии он 35 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад. Тибқи маълумоти намояндаи масъули бонк, сармояи ҷалбшаванда ҳамчун грант татбиқ хоҳад гардид.

АКСҲО аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 29, 2021 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»