Ба донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонида шуд
ДУШАНБЕ, 22.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад, дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо мақсади таъмини иҷрои талаботи “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” бо иштироки кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мавзӯъҳои муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, муқаррароти Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон “Дар барои уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва “Дар барои муқовимат ба экстремизм” мулоқот баргузор гардид.
Дар ин бора ёвари ректор ва мудири бахши робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, профессор Нуралӣ Шоҳиён ҷавонону донишҷӯёнро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳният гуфта, зикр намуд, ки “ҳамасола дар ҷараёни пешниҳоди Паём Пешвои миллат дар баробари дигар масъалаҳои муҳими дохилию хориҷӣ ба масъалаи ҷавонон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд ва раванди таълиму тарбия, омӯзиши имлҳои замони муосир, баланд бардоштани ҳисси миллию дарки хештаншиносиро миёни ҷавонон таъкид месозанд».
Зимни мулоқот намояндагони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқарароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди терроризм ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба экстремизм сухан гуфтанд.
Бо таъкид гуфта шуд, ки насли ҷавонро зарур аст, то дорои ҳисси баланди миллӣ бошанд, бо Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор намуда, барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд, зеро имрӯз рисолати асосии ҷавонон ҳифзи марзу буми кишвар, таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ҳамеша ҳушёру солим бошанд ва тавонанд бо маърифати баланди сиёсӣ давлату миллати худро ҳифзу ҳимоя намоянд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






