Ба кормандони мақомоти шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва ширкатҳои туристӣ усули сохтани сомонаҳои сайёҳӣ омӯзонида шуд

Май 11, 2021 13:31

ДУШАНБЕ, 11.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Усули сохтани сомонаҳои сайёҳӣ ва ҷой намудани маълумотномаи сайёҳӣ дар сомонаҳои  мақомот ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ дар давраҳои омӯзишие, ки дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ  ташкил гардид, ба 40 нафар кормандони мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва ширкатҳои сайёҳӣ омӯзонида шуд.

Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки давраҳои омӯзишӣ дар заминаи татбиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар робита ба баланд бардоштани нуфуз ва ҷолибияти Тоҷикистон тавассути таблиғи мавзеъҳои сайёҳӣ дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо мақсади ҷой намудани рубрикаи сайёҳӣ дар сомонаи мақомоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуданд.

Дар вилояти Хатлон инфрасохтори сайёҳӣ батадриҷ рушд намуда, 931 ёдгории таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 106 меҳмонхона, 131 мавзеи сайёҳӣ, 138  истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 133 тарабхона, 42 осорхона, 118 чойхона, 278  банкомати хизматрасонии бонкӣ, 60 ҳоумстей ва гестхаус, 82 мағозаи фурӯши армуғонҳо, 116 зиёратгоҳҳо, 44 боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, 27  маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуданд, ки ба сайёҳон хизмат мерасонанд.

Хатлонзамин бо ёдгориҳои бостонӣ, табиати зебову водиҳои паҳновар, гиёҳҳои шифобахшу чашмасорони мусаффо, меваҳои шаҳдбор ва ҳавои форамаш дили сайёҳонро тасхир намудааст. Қариб дар ҳамаи ноҳияҳо дар мавсими баҳор сайри табиат ва зиёрати мавзеъҳои таърихии динӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Алахусус, мақбараи «Мир Саид Алии Ҳамадонӣ» дар шаҳри Кӯлоб, «Қалъаи Ҳулбук» дар ноҳияи Восеъ, оромгоҳи «Хоҷа Машҳад»-у мавзеи «Чилучорчашма» дар ноҳияи Носири Хусрав, оромгоҳи «Зайналобуддин» дар ноҳияи Дӯстӣ, мавзеи мазори «Ҳазрати Султон» дар ноҳияи Ховалинг, мавзеи шаршараи «Сарихосор» дар ноҳияи Балҷувон, мавзеи «Чилдухтарон» дар ноҳияи Муъминобод ва даҳҳо дигар мавзеъҳо таваҷҷуҳи теъдоди зиёди сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб намудаанд.

АКС аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ

Май 11, 2021 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд