БАЧАҲОРО ЭҲТИЁТ КУНЕД! Аз беназоратӣ боз ду кӯдак дар об ғарқ шуд

Май 3, 2021 10:36

ДУШАНБЕ, 03.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои истироҳатӣ дар обҳои Тоҷикистон ду кӯдаки ноболиғ дар об ғарқ шуданд. 1 май  сокини панҷсолаи деҳаи Ҷовидони Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода аз беназоратии волидон ба дарёчаи Қаратоғ сарозер шуда, ғарқ гардид. Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот ва бо гузашти ним соат аз фоҷеа кормандони бахши ноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасади писарбачаро пайдо карда, ба волидонаш супурданд.

Тавре аз  маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳодисаи дуюм 2 май дар шарқи кишвар рух дод. Фарзанди 7-солаи сокини деҳаи Косагардони Ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Сангвор ҳангоми убур аз пули деҳа дар рӯдхона ғарқ шуд.Корҳои ҷустуҷӯи ин кӯдак ҳамоно идома доранд ва аз натиҷаи он хабар хоҳем дод.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар диққати сокинонро ба он ҷалб мекунад, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд.

Бахусус ҳангоми убур аз пулҳо ва гашту гузор дар соҳили каналу рӯдхонаҳо ва ҳавзҳои оббозӣ ҳатман онҳоро ҳамроҳӣ кунанд. Ин гуна беназоратӣ метавонад сабаби фоҷеа гардад, ки тамоми умр доғи он аз дили падару модар наравад.

 АКС аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ

Май 3, 2021 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад