БАЧАҲОРО ЭҲТИЁТ КУНЕД! Аз беназоратӣ боз ду кӯдак дар об ғарқ шуд
ДУШАНБЕ, 03.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои истироҳатӣ дар обҳои Тоҷикистон ду кӯдаки ноболиғ дар об ғарқ шуданд. 1 май сокини панҷсолаи деҳаи Ҷовидони Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода аз беназоратии волидон ба дарёчаи Қаратоғ сарозер шуда, ғарқ гардид. Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот ва бо гузашти ним соат аз фоҷеа кормандони бахши ноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасади писарбачаро пайдо карда, ба волидонаш супурданд.
Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳодисаи дуюм 2 май дар шарқи кишвар рух дод. Фарзанди 7-солаи сокини деҳаи Косагардони Ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Сангвор ҳангоми убур аз пули деҳа дар рӯдхона ғарқ шуд.Корҳои ҷустуҷӯи ин кӯдак ҳамоно идома доранд ва аз натиҷаи он хабар хоҳем дод.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар диққати сокинонро ба он ҷалб мекунад, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд.
Бахусус ҳангоми убур аз пулҳо ва гашту гузор дар соҳили каналу рӯдхонаҳо ва ҳавзҳои оббозӣ ҳатман онҳоро ҳамроҳӣ кунанд. Ин гуна беназоратӣ метавонад сабаби фоҷеа гардад, ки тамоми умр доғи он аз дили падару модар наравад.
АКС аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ








Дар Душанбе ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» қадрдонӣ гардиданд
Дар даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» 370 хонандаю донишҷӯ иштирок менамоянд
«Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030». Барои пешгирӣ аз ин беморӣ чӣ бояд кард?
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. Кормандони соҳаи хизмати давлатӣ дар Беларус такмили таҷриба менамоянд
Форуми байналмилалии малакаҳо: Тоҷикистон — 2026 дар ноҳияи Данғара оғоз шуд
Муовини якуми Раиси ҲХДТ дар Конфронси II байналмилалии байниҳизбӣ дар Беларус иштирок намуд
Лоиҳаҳои барномаҳои пешгирӣ ва назорати диабети қанд ва рушди саноати фарматсевтӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 таҳия гардиданд
Сарвари давлат: «Дар Қуръони маҷид нахустин ояте, ки нозил шудааст, ба илму маърифат, яъне ҳидоят ба «хондан» бахшида шудааст»
Форуми байналмилалии «Занон ва об-2026» ба пешбурди масъалаҳои гендерӣ дар соҳаи об мусоидат намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Занон ва об» оғоз гардид






