Бахшида ба 80-солагии Лоиқ Шералӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши илмию адабӣ доир гардид

Май 17, 2021 11:37

ДУШАНБЕ, 17.05.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба 80-солагии зодрӯзи шоири маҳбуб Лоиқ Шералӣ ва мавлуди дӯсти шоир- собиқадори меҳнат Раҷаб Шарифов  дар ноҳияи Мастчоҳ  ҳамоиши бошукӯҳи илмию адабӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиши мазкур раиси ноҳия Тоҳир Азиззода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода, беҳтарин дӯстону ҳамсабақони шоир, донишмандон ва шоирону нависандагон, аз ҷумла доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамиди Самад, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, доктори илмҳои тиб Саидилҳом Аҳмадзода, доктори илмҳои таърих Сайфуллоҳи Муллоҷон, ҳайати адибон аз маркази вилоят таҳти роҳбарии раиси шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, хунёгарони мумтоз, ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Муродбеки Насриддин, Афзалшоҳи Шодӣ, пайвандони шоир, аз ҷумла бародари Лоиқ – Қоришарифи Шералӣ ва фарзанди шоир Диловари Лоиқ, аҳли зиё, фарҳангу маориф, адибон ва мухлисону дӯстдорони шеъри Лоиқ иштирок намуданд.

Раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода   доир ба шахсияти адабию фарҳангӣ, хизматҳои беназир ва муҳтавои оламгири шеъри Лоиқ ва фаъолияти ибратбахши дӯсти шоир, собиқадори меҳнат Раҷаб Шарифов аз ҷумла, зикр кард, ки «ашъори шоир ва номи Лоиқ барои тамоми мардуми шарифи кишвар парчами худшиносию худгоҳӣ, манбаи илҳому ифтихор, таронаи ишқи Ватан, номаи меҳру садоқат, гавҳари тарбияи шоистаи наврасону ҷавонон мебошад».

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷойгоҳи шахсият ва хизмати бузурги Лоиқ Шералӣ чунин таъкид намудаанд: «Лозим медонам аз хизматҳои пурарзиши Лоиқ Шералӣ дар талқини шуҷоати адабӣ, рӯҳи миллӣ ва ватандорӣ, ситоиши модар ва забони модарӣ, эҳёи бисёр суннатҳои шеъри оламгири мо бо сипосу эҳтироми хосса ёдовар шавам».

-Ин баҳои баланди Пешвои муаззами миллат шахсияти инсонию адабӣ, корномаи суханофарӣ ва нақши ҷовидонии Лоиқ Шералиро дар ҳаёти иҷтимоию адабӣ, фарҳангӣ ва маънавию сиёсии нимаи дуюми асри гузашта ва ибтидои асри навин хеле муъҷаз баён месозад. Чунки дар ашъори Лоиқ аз оғози нахустин мисраъ то охирин байт шуҷоати адабӣ мавҷ мезанад ва хонандаву донандаи осори ӯро мафтуни худ месозад. Қуввату қудрати ӯро даҳчанд мегардонад. Шоир дар байни сокинони ноҳия дӯстону рафиқони маънавӣ ва мухлисони ҷоннисор зиёд дошт, ки фарзанди арҷманди диёри мо – Раҷабмаҳмади Шарифзода аз ҷумлаи онҳо мебошад. Раҷабмаҳмади Шарифзода ҳамсабақу ҳамдил ва дӯсти ҷонии Лоиқ буда, баҳри тарғиби шахсият ва шеъри баландмазмуни Лоиқ хизмати шоиста намудааст,- гуфт Раиси ноҳияи Мастчоҳ.

Дар ҳамоиши илмию адабӣ  паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  ба ҳозирин қироат гардида,  шоирону нависандагон доир ба шеъри Лоиқ ва фаъолияти ибратомӯзи ӯ сухан карданд.

Инчунин санъаткорони шуҳратёри мамлакат- ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Муродбеки Насриддин, Афзалшоҳи Шодӣ ва аҳли фарҳанги ноҳия бо суруду таронаҳои  дилнишин табъи иштирокчиёни ҳамоишро болида гардониданд.

Ёдовар мешавем, ки Лоиқ Шералӣ 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд дар оилаи колхозчӣ ба дунё омадааст.

Имсол 20 май ба зодрӯзи  Лоиқ Шералӣ 80 сол пур мешавад.

АКС: аз МИҲД ноҳияи Мастчоҳ

Май 17, 2021 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд