Бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Бохтар ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд

Май 8, 2021 09:44

ДУШАНБЕ, 08.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои  1941 — 1945  садҳо ҳазор ҷавонмардон аз вилояти Хатлон  иштирок карда, дар торумор намудани фашизм далерию садоқат нишон додаанд. Айни замон дар вилоят  29 нафар иштирокчиёни ҶДҶ  дар қайди ҳаёт буда,  синашон аз 95 то ба 101-сола  мебошанд.

Дар ин бора имрӯз, 8 май зимни ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон (1941-1945), ки дар Боғи марказии фарҳангию фароғатии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон  баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, пеш аз оғози ҷамъомади тантанавӣ  Раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат, шаҳрвандон ба поси хотири шаҳидон ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон дар назди муҷассамаи «Аскари номаълум» гулчанбарҳо  гузоштанд.

Дар оғози ҷамъомади тантанавӣ  Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аҳли ҳамоиш, меҳтарони ҷанг, тамоми сокинони Хатлонзаминро ба муносибати Рӯзи Зафар самимона таҳният гуфт.

— Солҳо мегузаранд, аммо хотираҳо аз Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945  дар ёди иштирокчиён ва тамоми мардуми сулҳхоҳ боқӣ мемонад. Дар он солҳо баробари халқияту миллатҳои кишвари паҳновари Иттиҳоди Шӯравӣ ҷавонписарони тоҷик низ зидди душмани аҳриманӣ дар майдони набард ҷонфидоиҳо карда, хоки Ватани ягонаро аз душман ҳифз намуданд ва барои насли оянда ҳаёти осоиштаро таъмин карданд,- афзуд раиси вилоят.

Қурбон Ҳакимзода  ҳамчунин  ёдовар шуд, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷик қаҳрамонию корномаи бузурги дар ақибгоҳ будагонро низ, ки бо вуҷуди душворию машаққатҳои гӯшношунид дар ҳамаи соҳаҳо фидокорона меҳнат карда ғалабаро наздик оварданд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард. Корнамоиву диловарии фарзандони баору номуси Тоҷикистон дар ҳарду арса барои наслҳои имрӯза намунаи олии садоқат ва хизмат ба Ватан мебошад.

Раиси вилоят афзуд, ки дар замони пойдории истиқлолияти кишвар таҳти таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат дар баробари нигоҳубину парастории собиқадорони ҷангу меҳнат, инчунин, ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимоии онҳо эътибори ҷиддӣ дода, дар ин самт, ҳамасола, кумакҳо расонида шуда, баҳри беҳдошти зиндагии ин қишри ҷомеа чораҳои зарурӣ амалӣ мегардад.

— Эҳтиром доштану қадршиносӣ намудани ҳар яки онҳо вазифаи муқаддаси фарзандии мост, — таъкид намуд Қурбон Ҳакимзода.

Пас аз сухани шодбошии раиси вилоят барномаи ҳунарии санъаткорони вилоят тақдими аҳли ҷамъомад гардид.

Май 8, 2021 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд