Бар асари фаромадани ярч дар ноҳияи Деваштич 5 нафар ба ҳалокат расидаанд
ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи фаромадани ярч дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд панҷ нафар ҳалок гардид, ки яке аз онҳо тифли яксола буд. Ин ҳодиса 17 май дар деҳаи Дархони Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич рух дод.
Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар медиҳад, ки ҳодиса хеле ногаҳонӣ буда, сабаби он бунёди боғ дар теппаи болои хона гуфта шудааст.
Манбаъ хабар медиҳад, ки соҳиби боғ дар теппаи паси хонаи худ ниҳолҳо шинонида, сабз кардаву қоидаҳои бехатарӣ ва агрономии обёриро риоя накардааст. Оби зиёд тадриҷан заминро нарм кардаву теппа лағжидааст.
Дар натиҷа соҳиби хона — модари хонадон бо ду фарзандаш, ки яке 11 ва дуюмӣ 10 сол доштаанд, зери лой мондаанд.
Ярч ҳамчунин хонаи ҳамсояи онҳоро низ зер кардааст ва зани ҷавони 21-сола ҳамроҳ бо фарзанди ширхори яксолааш зери лой мондаву ҳалок шудаанд.
Ҳамсояҳо ба зудӣ ҷасадҳоро аз зери лой берун овардаанд. Ҳарчанд сабаби рониши замин обёрии ғайриқоидавии боғ унвон мешавад, вале мақомот иллатҳои аслии онро мавриди санҷишу тафтиш қарор додаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонаводаи ҳалокшудагон изҳори тасаллият мекунад.
Ҳамзамон аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад зимни амалӣ кардани тарҳҳои бунёдкории худ бо мутахассисон маслиҳату машварат намоянд ва барои таъмини амнияту бехатарии худ сари вақт тадбирҳо андешанд.
КҲФ: Аксҳо аз ҷойи ҳодиса










Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






