Дар Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 17.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Қазоқистон яке аз шарикони калидии стратегӣ ва иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон буда, дар савдои хориҷии Тоҷикистон баъд аз Россия мақоми дуюм касб менамояд. Чунин гуфта шуд дар ҳамоиши доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА хабар медиҳад, ки ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии «Qaztrade»-и Қазоқистон баргузор гардида, дар он намояндагони доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар иштирок намуданд.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ва мудири кулли Ҷамъияти саҳомии «Qaztrade»-и Қазоқистон Азамат Аскарулӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон сухан карда, тақвияти ҳамкории иқтисодии ду давлати дӯстро самараи неки равобити мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Қазоқистон дар партави иродаи сиёсии Сарони ҳарду давлат арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки соли гузашта табодули мол байни Тоҷикистон ва Қазоқистон беш аз 900 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки 152,2 миллион доллар ба содирот ва 757,5 миллион доллар ба воридот рост меояд. Тоҷикистон ба Қазоқистон асосан маъданҳо ва консентратҳо, сабзавоту мева ва хушкмева содирот намуда, аз Қазоқистон ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла сӯзишворӣ, металлҳои сиёҳ, ғалла, орд ва равғани растанӣ ворид карда мешаванд. Инчунин бо ҷалби сармояи Қазоқистон дар Тоҷикистон 100 корхона фаъолият менамояд.
Таъкид гардид, ки ҳоло байни ду давлат имконияти истифоданашуда дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат зиёд буда, баргузории ҳамоиши доираҳои соҳибкорию тиҷоратӣ барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда замина фароҳам меорад.
Дар ҷараёни ҳамоиш доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар маҷмӯи масъалаҳои мубрами тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистонро баррасӣ намуда, ҳамзамон имконоти сармоягузории ҳарду давлатро муаррифӣ намуданд. Инчунин мулоқоти доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар шакли «В2В» доир гардид.
Интизор меравад, ки дар доираи баргузории ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон меморандуми ҳамкорӣ байни корхонаю ширкатҳои ҳарду давлат ба имзо расонида шавад, ки маблағи умумии он 10 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, ба тақвияти ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон мусоидат менамояд.













Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






