Беш аз 10 ширкати нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар намоишгоҳи «UzTextile Expo» иштирок доранд

Май 27, 2021 11:30

ДУШАНБЕ, 27.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11 ширкати нассоҷиву дӯзандагӣ ва 2 ширкати консалтингӣ аз Тоҷикистон –«Гулдастон»,  «Гулистони Душанбе», «KOTA Глобал», «Лидер», «Нассоҷи Хуҷанд», «Ноҳид», «Oртекс», «Раҳимов А.А.», СИ «Раҳматов», «ToҷТекс» ва «Ваҳдат Текстил», «ACT Development» ва «Business Consulting Group» давлати моро дар намоишгоҳи сеюми байналмилалии «UzTextile Expo», ки дар шаҳри Тошканд ифтитоҳ гардид, намояндагӣ менамоянд. Намоишгоҳи сеюми байналмилалии «UzTextile Expo» дар чаҳорчӯбаи Рӯзҳои ҷаҳонии нассоҷӣ созмон дода шуда, то 29 май идома меёбад.

«UzTextile Expo» намоишгоҳи байналмилалии нодир ва махсуси соҳаи нассоҷӣ ва мӯд дар Осиёи Марказӣ буда, ҳар сол аз он беш аз 9000 коршинос, соҳибкор ва тоҷир боздид менамоянд. Дар намоишгоҳ дастовардҳои соҳаи нассоҷӣ ва мӯд аз истеҳсолкунандагони пешсафи ҷаҳонӣ дар тамоми занҷираи истеҳсолот – аз нахи пахта то ба либоси омодашуда ба маъраз гузошта мешаванд. Намоишгоҳ барои дарёфти шарикон дар Ӯзбекистон- бозори калонтарини Осиёи Марказӣ бо бештар аз 34 миллион харидор мусоидат менамояд.

Мудири иҷроияи ширкати «ACT Development Group» Рустам Шодибеков мегӯяд, ки ширкатҳои мо имкон доранд дар намоишгоҳи Тошканд бо истеҳсолкунандагони пешқадами  маҳсулоти нассоҷӣ аз минтақа вохӯранд, бренди худро дар бозори минтақавӣ тақвият диҳанд, бо ширкатҳои  истеҳсолӣ, воридотӣ ва тоҷирон робита барқарор кунанд, бо талаботи бозор ва равандҳои ҷорӣ дар он шинос шуда, барои худ маҳсулоти нав ва навовариҳо кашф кунанд.

Ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин имкон дорад, то аз барномаи васеи тиҷоратӣ баҳра бардорад. Дар барнома, аз ҷумла иштирок дар ҳамоиши байналмилалии нассоҷии Ӯзбекистон, вохӯриҳои сершумори тиҷоратӣ, намоишҳои мӯд, мастер-классҳо аз тарроҳони маъруф ва коршиносони соҳа ва ғайра ба нақша гирифта шудааст.

Мудири иҷроияи ширкати «ТоҷТекс» Абдурашид Абдуҳамидов изҳор дошт, ки “иштирок дар ин намоишгоҳ муфид хоҳад буд, зеро дар он мо бо харидорони эҳтимолӣ робитаҳои мустақим барқарор менамоем ва ҷуғрофиёи бозори худро ва бозори маҳсулоти хомро тавсеа мебахшем. Инчунин доир ба трендҳои замонавии соҳа иттилооти зарурӣ дастрас менамоем”.

Иштироки роҳбарону намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ барои рақобатпазирӣ дар бозорҳои минтақавӣ, барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ, дарёфти маълумоти нав доир ба соҳа ва талаботи бозори ҷаҳонӣ имконияти фаровон фароҳам меорад.

Аксҳо аз манбаъҳои боз

Май 27, 2021 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»