«Бешаи палангон» ба рӯйхати Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда мешавад

Май 20, 2021 11:00

ДУШАНБЕ, 20.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба омода намудани мавод ҷиҳати ворид намудани Мамнуъгоҳи табиии «Бешаи палангон», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон  ба рӯйхати Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар меҳвари мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмаато хонум Криста Пиккат қарор гирифт.

Дар мулоқот, ки дар Душанбе доир гардид, ҳамзамон масъалаҳои дохил кардани объектҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО, ҳамкории судманд дар доираи лоиҳаҳои GEF-UNDP-UNESCO оид ба пиряхҳо, лоиҳаи нави минтақавии «Паст кардани осебпазирии аҳолӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз хуруҷи кӯлҳои пиряхӣ дар шароити  тағирёбии иқлим»  баррасӣ гардиданд.

Мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО хонум Криста Пиккат омодагии худро барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Боғи миллии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Долони мероси Роҳи абрешим дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Эрон – ҷанбаҳои байналмилалии соли мероси фарҳангии аврупоӣ» иброз дошт.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таваҷҷуҳи намояндагони Дафтари минтақавии ЮНЕСКО-ро ба амалӣ намудани чорабиниҳои ба нақша гирифташуда ҷалб намуда, омодагии худро барои ҳамкории минбаъда изҳор намуд.

 Акс аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист

Май 20, 2021 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид