Бо қарори Раёсати БМТ иҷозатномаи «Тоҷиксодиротбонк» бозхонд шуда, пасандозҳои аҳолӣ ҷуброн мегарданд

Май 22, 2021 11:10

ДУШАНБЕ, 22.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ва тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» иҷозатномаи ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» бозхонд гардид, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар асоси қарор гузаронидани ҳамаи амалиёти хароҷоти нақдӣ ва ғайринақдӣ, интиқоли маблағҳо аз як суратҳисоб ба суратҳисоби дигар, интиқол ва бегонакунии дороӣ ва молу мулки дар ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» мавҷуда, то таъйин шудани мудири махсус манъ гардид. Тибқи хабари манбаъ, бо вуҷуди дастгирии Ҳукумати мамлакат бо роҳи сармоякунонии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» соли 2016 вазъи молиявии он беҳтар нагардида, устувор фаъолият намудани Бонк, мутаассифона, таъмин нашуд.

Фаъолияти молиявии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» вобаста ба пайдарпай такрор гардидани норасоиву камбудиҳо ва сари вақт пешгирӣ накардани онҳо характери системавӣ гирифта,  низоми номукаммали идоракунии корпоративӣ, дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани салоҳияти касбии шахсони роҳбарикунанда ва роҳандозӣ нашудани принсипҳои муосири менеҷментӣ, дуруст роҳандозӣ нашудани низоми назорати хавфҳо, комплаенс ва аудити дохилӣ, риоя нагардидани принсипи баҳогузорӣ ва пешниҳоди раванди қарздиҳӣ ва бизнес-протсессҳо, фаъолияти номукаммали кумитаҳо, аз ҷумла кумитаи аудит, кумитаи идоракунии хавфҳо, кумитаи идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳо, кумитаи қарздиҳӣ ва ғайраҳо, мавҷуд будани омилҳои инсонӣ дар рафти қабули қарор ва дахолат дар сохтори ташкилӣ боис гардид, ки ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» аз мавқеи бонки низомсоз ба як ташкилоти қарзии ҳиссааш дар низоми бонкӣ ночиз мубаддал шуд.Бинобар сабабҳои овардашуда нишондиҳандаҳои молиявии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» торафт манфӣ арзёбӣ гардида, Бонк барои давом додани фаъолияти минбаъдаи худ иқтидор, имконият ва захираҳои кофиро аз даст дод. Сифатнокии дороиҳои он тадриҷан коста гардида, қисми асосии онҳо ба фаъолияти бонкӣ мансуб набуда, корҳо дар самти фурӯши гаравҳо ва тариқи пулӣ баргардонидани қарзҳо дар сатҳи паст қарор дошта, меъёрҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон тайи чанд соли охир риоя намегарданд.

Тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонугузории кишвар, бо қарори суд мудири махсус таъин мегардад ва аз лаҳзаи таъйин шудани мудири махсус ваколатҳои мақомоти идораи ташкилоти қарзӣ (маҷлиси умумии саҳмиядорон, шӯрои нозирон, раёсат, раис) қатъ гардида, ба мудири махсус мегузаранд ва ӯ ягона намояндаи қонунии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ба ҳисоб меравад. Мудири махсус дар доираи салоҳияти ихтисосии худ ба манфиати амонатдорону қарздеҳон ситонидан ва бегона кардани (фурӯхтани) дороиҳои Бонк ва тақсими маблағҳоро бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур мусоидат менамояд. Тибқи раванди муайяншуда, баробари бозхонди иҷозатнома, аз шумораи умумии пасандоздорони суғурташудаи ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» 64 фоизи пасандоздорон, яъне 3,5 ҳазор  нафар пурра аз ҳисоби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҷуброн карда шуда, 36 фоизи дигарашон, яъне 2 ҳазор нафар аз ҳисоби Хазина қисман ҷуброн карда мешаванд. Қисми боқимондаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҳисоби ба фурӯш баровардани дороиҳои худи бонк аз ҷониби мудири махсус тибқи тартиби муқарраршуда ба мизоҷон пардохт мегардад.

 АКС аз «Тоҷиксодиротбонк»

Май 22, 2021 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд