Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ба ноҳияи Сангвор 50 тонна тухмии картошка ворид карда шуд

Май 8, 2021 09:50

САНГВОР, 08.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 29 апрели соли 2021 дар  маҷлиси  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои корами наздиҳавлигию хоҷагиҳои деҳқонӣ, вусъат додани кишти зироати кишоварзӣ ва истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ  тадбирҳои амалӣ андешида истодааст.

Сардори шуъбаи кишоварзии ноҳияи Сангвор Маҳмадҷон Пирназаров изҳор намуд, ки мувофиқи  нақшаи дурнамо,  соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 1540 гектар ғалладонагӣ, 890 гектар картошка, 214 гектар сабзавот, 4 гектар полезӣ, 50 гектар зағир ва 52 гектар хӯроки чорво кишт мешавад. Хушбахтона, кишти картошка дар ноҳия бо маром ҷараён дошта, то имрӯз дар заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ 130 гектар ва дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқониву ҷамоавӣ  372 гектар картошкаи босифат кишт карда шудааст. Барои сари вақт гузаронидани кишти картошка  ва дигар зироат дар ҳудуди ноҳия 41 адад техникаҳои кишоварзӣ  машғули кор мебошанд.

Дар ноҳияи Сангвор захираи тухмии картошка барои кишти соли 2021 дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия 2200 тоннаро ташкил дода, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 тонна картошкаи навъҳои “Манифест” ва “Янка”  аз Ҷумҳурии Беларус  ва тариқи соҳибкорони маҳаллӣ зиёда аз 100 тонна тухмии хушсифат ба ноҳия ворид карда шудаанд, ки талаботи  картошкапарварони ноҳияро қонеъ мегардонад.

Дар асоси ҳисоботи оморӣ, кишоварзони ноҳия бо истифода аз ҳавои мусоид аз аввали мавсими кишту кори зироати баҳорӣ то 5 май кишти ғалладонагиҳоро 100 %, картошка 58 %, сабзавот 67 %, зағир 101 % ва хӯроки чорворо  102 % иҷро намудаанд. Ҳоло кишти картошка дар заминҳои корами обӣ муташаккилона идома дорад.

Заминҳои корами обии ноҳияи Сангвор 1753 гектарро ташкил дода, тариқи 11 шабакаи худҷорӣ обёрӣ карда мешаванд. Соли ҷорӣ аз тарафи идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия  ва хоҷагидорон барои обёрии 850 гектар шартнома баста шудааст. Барои сари вақт бо оби полезӣ таъмин намудани заминҳои корами обӣ дар ноҳия корҳои тозакунии каналҳо идома доранд.

Акс аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Сангвор

Май 8, 2021 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд