Бо тағйир додани матни суруди Russian Woman Манижа маҳбуби «Евровидение» гардид

Май 11, 2021 10:16

ДУШАНБЕ, 11.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз тамрини нахустин рӯйхати нафарони маҳбуби озмун муваққатан ва ногаҳон тағйир ёфт. 8 май сароянда Манижа нахустин тамринашро дар Роттердам дар саҳнаи «Евровидение-2021» доир кард. Дар сайти расмии ин шоу видео нашр шуд ва ним миллион кас онро тамошо намуд.

Дар либоси шабеҳи чойникпӯшак, ки аз матоъпораҳои аз тамоми гӯшаю канори Россия фиристодаи одамон дӯхта шудааст, ӯ суруд мехонад ва сипас рақскунон худро аз асорати қолабҳо берун мекунад.

Матни суруди Russian Woman хеле зиёд муҳокима карда шуд — агар дар Аврупо онро ба дарёфти ҷоизаи Eurostory Award (беҳтарин суруди «Евровидение») пешбарӣ карда бошанд, пас дар Россия мулоҳизот ва посухҳои хашмгин дар мавриди ин ки матни суруд занони рус, мардони рус ва боқимонда ҳамаро таҳқир мекунад, зиёд буданд.

Манижа дар муқобили анбӯҳи танқидҳо пойдорӣ намуд ва матни сурудашро тасҳеҳ кард. Аммо танҳо як қисмати хурди онро.

— «Ман вақте ки сурудро то баромадам сабт мекардам, онро каме тағйир додам», — иқрор шуд овозхон зимни як нишасти кӯтоҳи матбуотӣ.

Маълум шуд, ки калимаҳои нақароти он тағйир дода шудаанд. Дар мисраи «You re strong enough to bounce against the wall» («Ту ба қадри кофӣ нерумандӣ, ки ба девор бархӯрда, ба ақиб бипарӣ», сароянда ба ивази калимаи  bounce («ақиб паридан») калимаи break («шикастан» -ро  гузоштааст. Манижа ҳоло сурудро дар шакли нав — «You re strong enough, you re gonna break the wall» «Ту ба қадри кофӣ нерумандӣ, ту деворро мешиканӣ» — месарояд.

— «Ман тасмим гирифтам, ки мо ба девор бархӯрда, ба ақиб намепарем, мо ба ин ҷо омадаем, ки деворро бишиканем», — шарҳ дод вай.

Ва дар ҳамон сайти Wiwibloggs — портали махсусгардонидашудаи бритониёӣ, ки ба «Евровидение» бахшида шудааст — фавран пас аз нашри видеоҳои тамринҳои нахустини  довталабон раъйпурсӣ баргузор шуд: «Тамрини кӣ беҳтарини беҳтарин буд?». Манижа бо дарёфти натиҷаи 36,5% раъйҳо ғолиб омад. Гурӯҳи литвонии The Roop ғайричашмдошт бо 22,4% овозҳо дар паси ӯ қарор гирифт. Ҷои сеюм насиби намояндаи Ирландия Лесли Рой бо 15,8% овозҳо гардид.

                                        АКС аз манбаъҳои боз

Май 11, 2021 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд