«Бохтарфуд-2021»: Дар маркази вилояти Хатлон форуми байналмилалии тиҷоратӣ ва намоишгоҳ оғоз ёфт

Май 25, 2021 10:02

ДУШАНБЕ, 25.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар форуми байналмилалии тиҷоратӣ ва намоишгоҳи «Бохтарфуд-2021» оғоз ёфт. Айни замон дар майдони 70-солагии  водии Вахш намоиши маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва босифат, инчунин маҳсулоти саноатӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Мақсад аз баргузории  форуми тиҷоратӣ густариши муносибатҳои хориҷӣ бо ҷонибҳои дахлдор, тақвият бахшидани фаъолият дар самти  содирот  ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ арзёбӣ мегардад. Ба Форуми  тиҷоратии  «Бохтарфуд-2021»  меҳмонон  аз давлатҳои Ӯзбекистон, Афғонистон, Россия, Беларус, Эрон, Украина ва намояндагони  барномаи  ЮСАИД   ташриф овардаанд.

Дар Форуми мазкур ба имзо расидани қарордоду созишномаҳои ҳамкорӣ  миёни доираҳои соҳибкорӣ, муаррифии имконоти сармоягузории вилоят ва лоиҳаҳои  сармоягузорӣ дар назар аст.

АКС аз МИҲД-и в. Хатлон

Май 25, 2021 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»