Боксчидухтарони тоҷик медалҳои биринҷии чемпионати Осиё оид ба боксро ба даст оварданд

Май 28, 2021 10:15

ДУШАНБЕ, 28.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 май муҳорибаҳои бонувон дар даври нимфинали Чемпионати Осиё оид ба бокс баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии  Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин давр ду варзишгари тоҷик – Миҷгона Самадова ва Шоира Зулқайнарова муҳориба карда, аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд.

Миҷгона Самадова дар вазни 57кг аз намояндаи Ӯзбекистон Ситора Турдибекова бо ҳисоби 0:5, Шоира Зулқайнарова дар вазни 60кг аз варзишгари Индонезия Ҳасанан Ҳусватун бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуданд.

Миҷгона ва Шоира бо медали биринҷӣ ва ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 2500 доллари ИМА сарфароз хоҳанд шуд.

Чемпионати Осиё оид ба бокс 24 май дар шаҳри Дубай оғоз шуда, то 31 май идома меёбад.

Имрӯз, 28 май муҳорибаҳои нимфинал миёни мардҳо баргузор мешаванд, ки варзишгарони мо- Баҳодур Усмонов дар вазни 60кг муқобили Шива Тана аз Ҳиндустон ва Шаббос Негматуллоев дар вазни 81кг ба муқобили Дилшод Рӯзметов аз Ӯзбекистон ба майдон мебароянд.

Ёдрас мешавем, ки Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев, ки аз дастгирии молиявии Кумитаи олимпӣ бархурдоранд, Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио намояндагӣ мекунанд. Бозиҳои олимпӣ аз 23 июл то 8 августи соли равон баргузор мешаванд.

АКС аз КМО Тоҷикистон

Май 28, 2021 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд