Бонкҳои рушди СҲШ стратегияи нави иттиҳодияи байнибонкиро тирамоҳи соли 2021 қабул мекунанд
ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Стратегияи нави иттиҳодияи байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) тирамоҳи соли 2021 қабул хоҳад шуд. Лоиҳаи стратегия маблағгузории масъул ва татбиқи технологияҳои «сабз» -ро дар иқтисоди кишварҳои созмон дар бар мегирад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин бора дар иттилоияи хадамоти матбуоти Бонки иқтисодии хориҷии (БИХ) ФР дар ҷамъбасти мулоқоти коршиносон ва ҳамоҳангсозони ассотсиатсия гуфта шудааст.
«Соли равон Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ ба рушди маблағгузории масъул ва татбиқи технологияҳои «сабз» дар иқтисоди кишварҳои созмон шурӯъ мекунад, инчунин равишҳои муштараки арзёбии хатарҳои вобаста ба пандемияро ба шакли муайян медарорад», — гуфта шудааст дар иттилоия бо истинод ба лоиҳаи стратегияи рушди минбаъдаи Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ.
БИХ ФР тавзеҳ дод, ки ҷаласаи коршиносон ва ҳамоҳангсозон барои навсозии рӯзномаи иттиҳодия, инчунин омода намудани ҷаласаи шӯрои сарони Иттиҳодияи байнибонкӣ (ИББ) мунтазам баргузор мешавад. Соли равон ҷаласа дар Тоҷикистон — кишвари раёсаткунанда дар СҲШ баргузор мешавад. Россияро ҳайати БИХ ФР таҳти сарварии бонкдори калон Сергей Сторчак муаррифӣ мекунад.
«Ба нақша гирифта шудааст, ки стратегия тирамоҳи соли равон дар доираи ҷаласаи Шӯрои ИББ -и СҲШ, ки дар он одатан роҳбарони бонкҳо — аъзои иттиҳодия иштирок мекунанд, имзо хоҳад шуд», — илова намуданд дар хадамоти матбуоти корпоратсияи давлатии Россия.
Мутобиқи лоиҳаи стратегияи рушди минбаъда, иттиҳодияи БИХ ФР, аз ҷумла, дар якҷоягӣ бо шарикон фаъолияти сармоягузориро зиёд хоҳад кард. «Сухан дар бораи маблағгузории муштараки лоиҳаҳои афзалиятнок ва татбиқи минбаъдаи «харитаи роҳ» барои рафъи оқибатҳои пандемия баҳри иқтисоди ташкилот сухан меравад (санад соли гузашта барои эҷоди нуқтаҳои нави рушди иқтисодӣ, ҳавасмандгардонии тиҷорат ва сармоягузорӣ дар фазои СҲШ қабул шуда буд). Инчунин кор дар самти тавсеаи истифодаи асъори миллӣ дар ҳисоббаробаркунии муштарак идома хоҳад ёфт», — гуфта шудааст дар иттилоияи БХИ.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 раёсати СҲШ ба дӯши Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.
Дар бораи иттиҳодия
Иттиҳодияи байнибонкӣ (ИББ) соли 2005 ҳамчун афзори кумакрасонӣ дар татбиқи лоиҳаҳои ҳамкории иқтисодӣ, ки давлатҳои СҲШ онҳоро тасдиқ кардаанд, таъсис ёфтааст. Ба ҳайати ИББ Бонки рушди Қазоқистон, Бонки давлатии рушди Чин, Бони иқтисодии хориҷии Россия, Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ӯзбекистон шомил мебошанд. Аз соли 2020 БИХ ФР раёсати Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ -ро ба уҳда дорад.
АКС: russian.cgtn.com








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






