«Çalık Holding» дар Тоҷикистон ҳамкор ва бозор меҷӯяд
ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «Çalık Holding»-и Туркия тасмим дорад, ки бо корхонаю ширкатҳои саноатии Тоҷикистон ҳамкориро густариш диҳад.
Дар иртибот ба ин дар Душанбе вохӯрии роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Ширкати «Çalık Holding»-и Туркия баргузор гардид, иттилоъ медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкорӣ байни корхонаҳои саноатӣ бо ширкати «Çalık Holding», роҳҳои дарёфти бозорҳои нави фурӯши маҳсулот ва мубодилаи таҷриба байни мутахассисон дар самтҳои дахлдор баррасӣ шуданд.
Намояндагони ширкати «Çalık Holding»-и Туркия аз якчанд корхонаҳои саноати сабуки Тоҷикистон боздид намуда, бо фаъолияти истеҳсолии онҳо шинос мегарданд. Ширкати «Çalık Holding» дар бахши саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, сохтмон, энергетика, молия, телекоммуникатсия ва технологияҳои рақамӣ фаъолият дошта, корхонаҳои нассоҷии зерсохтори ширкат ба қатори истеҳсолкунандагони бузурги матои ҷинс дар ҷаҳон шомил буда, иқтидори истеҳсоли 55 миллион метр матои ҷинс дар як солро доро мебошанд.
Ширкати «Çalık Holding» бо брендҳои ҷаҳонӣ, аз қабили «Diesel», «Replay», «G-Star», «Tommy Hilfiger», «Pepe Jeans», «Topshop», «River Island», «Marks & Spencer», «Citizen of Humanity», «Guess», «Joe’s Jeans», «Good American», «Frame», «Banana Republic», «H&M», «GAP», «Zara», «IKEA», «LIDDLE», «TESCO», «SEARS» ҳамкорӣ дошта, маҳсулоти худро пешкаши харидорон менамояд.
Акс аз Вазорати саноат ва технологиҳои нави ҷумҳурӣ.








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






