Дар Академияи идоракунии давлатӣ дар мавзӯи «Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия дар ҳама соҳаҳо тавсеа меёбанд» суҳбат доир гардид

Май 11, 2021 16:40

ДУШАНБЕ, 11.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии устодону кормандон ва магистрантону донишҷӯёни Академия бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар мавзӯи «Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия дар ҳама соҳаҳо тавсеа меёбанд» доир гардид.

Тавре аз Академияи идоракунии давлатӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  вохӯрӣ дар доираи ҳамкории босамари дуҷониба ва узви комилҳуқуқи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Созмони Ҳамкории Шанхай будани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор шуд.

Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия бо назардошти воқеияти муосир устуворона ва давра ба давра тавсеа ёфта истодаанд. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон Федератсияи Россия миёни ҳамёрони асосии кишвар дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи хосса дошта, чун шарики асосии стратегӣ эътироф шудааст. Федератсияи Россия яке аз аввалин давлатҳоест, ки истиқлол ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст. Боздиди расмии сарони ду давлат, ки моҳи апрели соли 1999 зимни  сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия ба вуқӯъ пайваст, далели рушди собитқадамона ва таҳкимбахши муносибатҳои шарикии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия гардид, ки дар рафти он «Аҳднома дар бораи ҳамкории иттифоқии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба асри XXI нигаронидашуда», «Созишнома дар бораи мақом ва шартҳои ҳузури пойгоҳи ҳарбии Россия дар ҳудуди Тоҷикистон» ба имзо расиданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми аҳолии Тоҷикистонро ба муносибати 76-умин солагрди Иди Ғалаба табрик намуда, иброз дошт, ки саҳми фиристодагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ғалаба бар зидди фашизм хеле калон буда, барои ба даст овардани зафар ҳазорҳо ҷавонмарди тоҷик бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон 270 000 ё тақрибан панҷяки аҳолии вақти ҷумҳурӣ ширкат карда, қариб 90 ҳазори онҳо дар ҷанг кушта шуданд. Ҳамчунин 56 шаҳрванди Тоҷикистон дар ин набардҳо бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 15 нафар бо се дараҷаи ордени «Шараф» ва даҳҳо ҳазори дигар бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардидаанд.

Игор Лякин-Фролов ҳамчунин таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Россия оид ба аксарияти масъалаҳои консептуалии сиёсати байналмилалию минтақавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ мавқеи ба ҳам наздик доранд. Аз ҷумла, ҷиҳати ҳамкории босамар дар доираи чунин созмонҳои байналмилалӣ — Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигарҳо аҳамияти муҳим дода мешавад.

Мавриди зикр аст, ки 8-9 майи соли ҷорӣ шоҳиди боз як сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия гардидем. Дар доираи ин сафар масъалаҳои мубрами муносибатҳои ҳамкорӣ ва шарикии стратегии ду кишвар, ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи вазъияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор доштанд. Зимни баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ба робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва амниятӣ аҳамияти хосса зоҳир карда шуд.

Тоҷикистон соли равон давраи раёсатро дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба уҳда дорад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни магистратону донишҷӯёни Академия ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов саволу ҷавоб сурат гирифт.

АКСҲО: Академияи идоракунии давлатӣ

Май 11, 2021 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд