Дар «Амонатбонк» 110-солагии вассофи сулҳу дӯстӣ Мирзо Турсунзода таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 08.05.2021/АМИТ «Ховар»/. «Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ки вассофи сулҳу дӯстӣ ва ҳамраъии мардумони озодихоҳи қораи Осиё ва Африқо буд, бо ашъори баландмазмунаш дар ташаккули адабиёти муосири тоҷик саҳми бориз гузоштааст».
Чунин зикр гардид дар ҳамоише, ки дар Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» доир гардид. Аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳамоиш ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 110-солагии шоири зиндаёд, қосиди сулҳу дӯстӣ устод Мирзо Турсунзода гузаронида шуд.
Раиси Бонки давлатии амонтагузории «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ ва Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим роҷеъ ба қадру манзалат ва ҷойгоҳи хоси вассофи сулҳ, устод Мирзо Турсунзода сухан карда, зикр намуданд, ки шоири тавонои тоҷик тӯли фаъолияташ ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон сафар карда, баҳри дӯстию рафоқат, барқарории сулҳ кӯшишҳои зиёде намудааст. Ашъори пурмазмун ва сулҳҷӯёнаи устод Мирзо Турсунзода ӯро ҳамчун шахсияти тарғиб ва паҳнкунандаи ғояҳои сулҳпарварӣ дар ҷаҳон муаррифӣ намуд ва ашъори ӯ ба авҷи аъло расид. Зикр шуд, ки Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода фаъолияти меҳнатии худро аз матбуот, аниқтараш аз рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» оғоз намуда, баъдан дар театр, Иттифоқи нависандагон ва дигар сохторҳои давлатӣ кору фаъолияти созанда намудааст. Шоир Мирзо Турсунзода аз соли 1946 ба сифати раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият намуда, дар ташаккули адабиёти муосири тоҷик нақши назаррас гузоштааст.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар бораи зиндагинома ва ашъори ноби устод Мирзо Турсунзода сухан намуда, гуфт, ки тараннуми сулҳу дӯстӣ дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода мавқеи муҳим дорад. Достонҳои «Садои Осиё», «Духтари муқаддас», «Ман аз Шарқи озод» ба мавзуи сулҳу ва дӯстӣ ва ҳамраъӣ бахшида шудааст. Дарки амиқи мафҳуми сулҳ Мирзо Турсунзодаро то ба мартабаи Раиси кумитаи сулҳи кишварҳои Осиё ва Африқо расонид ва ӯ мунодии сулҳи минтақаҳо ва рамзи амнияту субот дар сайёра гардид. Ҳар мисрае, ки шоир дар он сулҳро васф намудааст, имрӯз аз ҷониби мардумони сулҳдӯст чун шиори зиддиҷангӣ мавриди истифода қарор мегирад. Ин ҳама корнамоиҳо ва заҳматҳои шоистаи устод Мирзо Трусунзода буд, ки вай ба унвонии фахрии Шоири халқии Тоҷикистон ва унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон шарафёб гардид.
Акс аз БДА «Амонатбонк»








Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд






