Дар арафаи иди саиди Фитр барои кормандони Маҷлиси намояндагон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуд
ДУШАНБЕ, 07.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси бевоситаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар арафаи иди саиди Фитр, ки дар Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 13 май таҷлил мегардад, барои кормандони ниёзманди Маҷлиси намояндагон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои дастрас ва нисбат ба бозор арзон ташкил карда шуд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар намоишгоҳи мазкур маводи ғизоӣ, аз қабили асал, картошка, пиёз, гӯшт, гулкарам, помидор, бодиринг, зардолу, гелос, орд, равған, тухм, шакар ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба фурӯш гузошта шуд, ки барои ғанӣ гардонидани дастархони идонаи кормандон мусоидат менамояд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон таъкид намудаанд, ки «дар ин рӯзи саид ният ба аъмоли нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ, аёдати беморон ва эҳтироми падару модар, наздикону ҳамватанонро риоя кардан, аз Парвардигор талаби дуои оромиву осоиш ва рушду пешрафти сарзамини аҷдодиро кардан аз суннатҳои асили милливу динии мардуми созанда ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо ба шумор меравад».
АКСҲО аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






