Дар асоси созишномаҳои имзошуда беш аз 50 км қитъаи роҳҳои мошингард ва пулу нақб барқарор мегарданд
ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе Созишномаи маблағгузорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, Созишномаи лоиҳавӣ байни Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Мактуб-созишномаи гранти Фонди бисёрҷонибаи трастии донории Барномаи рушди роҳҳо, алоқа ва савдо дар Осиё барои Лоиҳаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4 ба имзо расонида шуданд.
Тибқи хабари Вазорати молияи ҷумҳурӣ, санадҳои мазкурро Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода, Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Хуршед Каримзода ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Питер Олтерс ба имзо расониданд.
Маблағи умумии Лоиҳа 132,0 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, пурра дар шакли грант пешниҳод гардидааст, ки татбиқи он соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2026 ба нақша гирифта шудааст. Ҳадафи асосии Лоиҳа- ин баланд бардоштани самаранокии савдои байнисарҳадӣ миёни иштирокчиёни иқтисодиёти минтақавӣ, устуворӣ ба хатарҳои табиӣ ва бехатарии инфрасохтори роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Суғд ва минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Маблағҳои ҷалбшуда барои барқарорсозии қитъаҳои роҳҳои мошингард дар вилояти Суғд: Куруш-Бекобод- 12,3 км, Деҳмой-Ғафуров- 21,9 км, Ғафуров-Хистеварз- 6,3 км, Кучкак-Конибодом- 10 км ва дар ВМКБ: пул дар шаҳри Хоруғ- 1,1 км ва нақб дар мавзеи Барсем- 3,2 км, нигоҳдории дороиҳои роҳ, баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳ, содагардонии интиқоли байнисарҳадии бор ва мусофирон равона мегарданд.
АКС аз Вазорати молияи Тоҷикистон








Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд






