Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ Рӯзи байналмилалии оила хотирмон таҷлил шуд

Май 15, 2021 11:42

ДУШАНБЕ, 15.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбонови ноҳияи Рӯдакӣ  ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Дар ҳамоиш муовини раиси ноҳия Муҳаммадшарифи Бобошоҳзода, мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии  ноҳия Зебуннисо Расулова ва дигар шахсони масъул ширкат намуданд.

Мудири бахши САҲШ-и ноҳия Зебуннисо Расулова гуфт, ки «нақши оила дар ҷомеа муҳим буда, танҳо оилаи солим метавонад пешрафт ва раванди зиндагиро дар ҳолати муътадил нигаҳ дорад. Танҳо оила аст, ки ба аҳли хонавода, махсусан фарзандон беҳтарин арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва хонаводагиро, ба мисли тарбия, омӯхтани забон ва гуфтору рафтор, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир, ватандӯстиву ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, худшиносӣ ва хайру саодат таълим медиҳад. Зеро то падару модар дар вуҷуди фарзанд аз кӯдакӣ худшинос будану меҳру муҳаббат доштан ба миллату ватан ва фарҳангу суннати ниёгонро ҷо накунанд, фарзанд аз ҳувияти миллӣ бехабар мемонад».

Дар доираи ҳамоиш мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Зебуннисо Расулова ба оилаҳои ҷавон, ки нав соҳиби фарзанд шудаанд, шаҳодатномаҳои  таваллуд такдим карда, ба онҳо дар оянда бахти сафед ва зиндагии пур аз умеду шодмонӣ таманно намуд.

Ҳамзамон се оилаи беҳтарин ва намунавии ноҳия, ки то имрӯз хонаводаҳои хуб ташкил намудаанд, муаррифӣ гардида, бо туҳфахо сарфароз гардонида шуданд.

                                          АКС: АМИТ «Ховар»

Май 15, 2021 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд