Дар Донишгоҳи давлатии Данғара намоиши дастовардҳои зеҳнӣ, эҷодӣ ва инноватсионии донишҷӯён доир шуд

Май 18, 2021 09:52

ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 17 май дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо мақсади амалисозии Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои    солҳои 2020-2040 ва  эълон гардидани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», инчунин ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, бахусус дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт намоиши дастовардҳои зеҳнӣ, эҷодӣ ва инноватсионӣ баргузор гардид.

Дар ин бора  ёвари ректор ва мудири бахши  робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад  Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар намоиш намояндагони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикситон  ширкат варзида, бо дастовардҳои  зеҳнӣ, эҷодӣ ва инноватсионии донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳи мазкур аз наздик шинос гардиданд.   Ба донишҷӯëне, ки  дар намоишгоҳ иштироки фаъол доштанд, аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара ноутбук, сертификат ва уновонҳои фахрӣ оид ба пазируфтани истеъдодҳо супорида шуданд. Сертификати мазкур метавонад ба гирифтани баҳоҳои мусбат мусоидат намояд.

Ҳадафи асосии намоишгоҳи мазкур ба таври бошукӯҳ муаррифӣ намудани дастовардҳои зеҳнии факулететҳо дар шашмоҳаи дуюми соли таҳсили 2020-2021 мебошад.

Донишгоҳи давлатии Данғара дар фазои илмиву таълимии инноватсионии мамлакат  мақоми хос дошта, олимону муҳақиқон ва хатмкунандагони ин даргоҳ садҳо ихтироот, усулҳои нави ташхису муаррифии технологияҳои мултимедиро бомуваффақият ҷорӣ намудаанд. Дастовардҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва саноат доимо дар равандҳои гуногун кашф ва мукаммал гардида, ба  болоравии иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамоянд. Аҳамияти соҳаҳои мазкур ва ҳамчунин мақоми фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар тамоми давру замон бузург буд.

Баргузории чунин барномаҳои илмӣ-амалӣ барои расидан ба  муваффақияти умумии фанҳои табиатшиносӣ бештар мусоидат хоҳад кард.  Дар ин баробар  ба хотири он ки донишҷӯён дар раванди таълим бештар ба ихтироъкорию навоварӣ дар  соҳаҳои илмҳои табиатшиносӣ, махсусан,  биология, химия, физика, математикаи олӣ ва технологияи информатсионӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара барои устодону донишҷӯён ҷоиза ва идрорпулӣ таъсис додааст. Аз ҷумла, 14 идрорпулӣ бо маблағи 300 сомонӣ ба донишҷӯёне дода мешавад, ки дар озмунҳои дохили факултет аз фанҳои математика, физика, химия, биология, информатика ғолиб мегарданд. Барои ҳар факултет 2 ҷоиза пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин барои 7 факултети донишгоҳ 7 ҷоиза таъсис дода шудааст, ки ҳар кадом 5000 сомониро фаро гирифта, омӯзгороне, ки дар татбиқи барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” муваффақият ба даст меоранд, бо он мукофотонида мешаванд.

Май 18, 2021 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди соҳаи телевизион ва радио байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Қирғизистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор мегарданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Ховалинг шинос шуданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар шаҳристони Ҳулбук шинос мешаванд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Дар Суғд таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» фестивал–озмуни байналмилалӣ доир шуд
Имрӯз дар Бохтар Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» оғоз мегардад
«Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Аз 10 то 14 май Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» доир мегардад
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
ЁДИ ШОИР. Дар Ҳисор ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ доир шуд
7 МАЙ — РӮЗИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИО ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ АЛОҚА. Рушди соҳаи иттилоот ва алоқа дар Тоҷикистон ба рақамикунонии миллӣ равона гардидааст

Маводҳои таҳлилӣ