Дар Донишкадаи исломӣ китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба донишҷӯён муаррифӣ гардид

Май 7, 2021 15:40

ДУШАНБЕ, 07.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит баҳри  муаррифии  шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров-  китоби «Тоҷикон»  ҳамоиш баргузор гардид.

Дар кори он директори Маркази исломшиносӣ Абдураҳим Холиқзода, ректори Донишкадаи исломӣ Нусратулло Зокирзода ва донишҷӯёну устодони донишкадаи мазкур иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки Маркази исломшиносӣ ҷиҳати иҷрои супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ намуда, тибқи он силсиламашварату нишастҳои илмӣ ба нақша гирифтааст. Конференсияи имрӯза аз доираи чунин чорабиниҳо мебошад.

Сардори шуъбаи пажуҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ, доктори илмҳои таърих Сайфуллоҳи Муллоҷон дар ҳамоиш иброз дошт, ки китоби «Тоҷикон» дар он замон дар ду қутби ҷаҳони шарқ- ҷаҳони сотсиалистӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Полша, инчунин дар Кобули Афғонистон низ нашр шуда буд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷойгоҳи китоби «Тоҷикон» дар кишварҳои дигар ҳам хеле баланд буд.

-«Китоби «Тоҷикон»-и мутафаккири барҷаста, Қаҳрамони  Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров намунаи бебаҳотарин ва безаволи таърихӣ буда, даҳсолаҳост, ки арзиши худро гум накардааст ва умри он ҷовидонӣ хоҳад буд»,-афзуд Сайфуллоҳи Муллоҷон .

Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки бо мақсади омӯзиши таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров- китоби «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп гардида, то 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз номи Сарвари давлат ба ҳар оилаи мамлакат ҳамчун туҳфа тақдим мегардад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми имсола зикр намуданд, «таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун ғояи асосии ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем».

Дар охири ҳамоиш иштирокдорон оид ба китоби «Тоҷикон»  фикру мулоҳизаҳояшонро баён намуданд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Май 7, 2021 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид