Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид

Май 17, 2021 18:19

ДУШАНБЕ, 17.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13-17 майи соли 2021 дар шаҳри Душанбе тибқи созишномаи ҳосилшудаи тарафҳо ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

Пас аз анҷоми ҷаласа Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки мулоқоти навбатиро дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор кунанд.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.

АКС аз ВКХ ҶТ

Май 17, 2021 18:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид