Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи муштарак миёни кишварҳои аъзои СҲШ дар соҳаи нақлиёт доир гардид

Май 18, 2021 13:00

ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2021, бо ташаббуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Комиссияи муштарак вобаста ба татбиқи Созишнома байни кишварҳои аъзои СҲШ оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ доир гардид.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ҷаласа, намояндагони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон,  Россия ва Ӯзбекистон ба таври ҳузурӣ ва намояндагони котиботи Созмони ҳамкории Шанхай, ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон ва Покистон ба таври маҷозӣ иштирок намуданд.

Бо мақсади тақвияти ҳамкории судманд бо муассисаҳои махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид, бо даъват дар ҷаласаи мазкур намояндагони Котиботи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) иштирок доштанд.

Зимни ҷаласаи Комиссия иҷрои қарорҳои Протоколи ҷаласаи дуюм, масъалаҳои марбут ба татбиқи амалии Созишнома, ҳолат ва омодагии хатсайрҳои автомобилии байналмилалӣ, ки номгӯи онҳо бо замимаи №1-и Созишнома тасдиқ гардидааст, реҷаи кории нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни кишварҳои аъзои СҲШ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар онҳо баррассӣ гардиданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои интиқолдиҳандагони бор тавассути ҳудуди кишварҳои аъзои СҲШ масъалаҳои эътирофи шаҳодатномаҳои ронандагӣ, барасмиятдарории раводид барои ронандагон, содагардонии раванди ҳамлу нақли байналмилалӣ,  рушди долонҳои нақлиётӣ ва механизмҳои дар давраи пандемияи COVID-19 ҷориро муҳокима намуданд.

Дар натиҷа бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ намояндагони кишварҳои аъзои Созмон барои ҷорӣ намудани истифодаи варақаи рухсатномаҳои шакли ягона дар ҳудуди кишварҳои аъзо, андешидани тадбирҳои зарурӣ барои рушди долонҳои нақлиётии мавҷуда ва кушодани долонҳои байналмилалии нав, содагардонӣ ва ба таври электронӣ ба роҳ мондани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла дастрас намудани раводид барои ронандагон, коҳиш додани андозаи пардохт барои раводид ба мувофиқа расида, санади дахлдор  ба имзо расид.

   АКСҲО: Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ

Май 18, 2021 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид