Дар Душанбе ҷаласаи кории сарпарастони муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 27.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи кории сарпарастони муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва раисони шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат Ширин Амонзода зикр намуд, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи таҳсилоти касбӣ равона гардидааст. Бо дастгири бевоситаи Сарвари давлат дар соҳаи мазкур ислоҳот оғоз шуда, барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои мушаххас қабул ва татбиқ гардида истодаанд.
Ба зикри мавсуф, зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шароити кунунӣ яке аз зинаҳои афзалиятноки таҳсилот дар ҷумҳурӣ буда, барои баланд бардоштани иқтидори захираҳои инсонӣ ва соҳибкасб намудани шаҳрвандон саҳми муассир дорад.
«Дар ҷараёни ислоҳот имрӯз дар Тоҷикистон зарурат ба талабот барои ҷорӣ намудани садҳо ихтисоси дигар барои ворид ва пешниҳод намудан ба бозори муосир пеш омадааст. Аз ин рӯ барои ислоҳоти ҷиддӣ ва навсозии низоми таълим, таҳкими заминаҳои моддву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва ҷиҳати дар зарфи 2 соли оянда ҳал намудани мушкилоти ҷойдошта бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2021 сарпарастон аз ҳисоби аъзои ҳукумат, вакилони Парлумон, роҳбарони сохтору мақомоти марказӣ ва шаҳру ноҳияҳо тасдиқ гардидаанд»,- афзуд мавсуф.
Ҳоло дар сохтори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 1 коллеҷ фаъолият менамоянд. Аз инҳо 11 муассисаи таълимӣ дар шаҳри Душанбе, 8 муассисаи таълимӣ дар вилояти Хатлон, 22 муасссаи таълимӣ дар вилояти Суғд, 2 муассиса дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 10 муассиса дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаъолияти босамар доранд. Тибқи талаботи муқарраргардида, ҳар муассисаи таълимӣ дорои иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ мебошад. Солхои охир бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони муаасисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ вазорат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро дар курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат фаро мегирад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии вазорат аз рӯи 14 самт: иқтисодиёт, техника ва технология, нақлиёт, техникаи радиоэлектронӣ, энергетика, саноати кимиёӣ, саноати сабук, саноати кӯҳӣ, меъморӣ ва сохтмон, кишоварзӣ, металлургия, телекоммуникатсия, сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, хизмати маишӣ ва хӯроки умумӣ ва 97 ихтисос барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди ҷумҳурӣ мутахассисон тайёр карда мешаванд.
Дар литсейҳои касбии техникии ҷумҳурӣ 22 ҳазору 491 хонанда таҳсил менамоянд. Аз ин шумора 4 ҳазору 354 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти касбии мамлакат ҳоло 176 нафар хонандаи маъюб, 84 нафар ятими кулл ва 1104 нафар нимятим таҳсил менамоянд, ки ҳифзи иҷтимоии онҳо таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат ва муассисаҳои таълимӣ қарор дорад.
АКСҲО аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ













Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






