Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19 май дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин барпо шуд, Вазири корҳои хориҷии Арманистон Ара Айвазян, Вазири корҳои хориҷии Беларус Владимир Макей, Муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ, Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбаев, Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва Дабири кулли СААД Станислав Зас ширкат намуданд.
Қабл аз ҷаласаи мазкур вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СААД-ро Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти ҷаласа, ки дар шакли маҳдуд ва васеъ баргузор гардид, ҳолат ва дурнамои таҳаввули авзои байналмилаливу минтақавӣ ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва иҷрои самтҳои авлавиятнок, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, зоҳир гардид. Вазири корҳои хориҷӣ С.Муҳриддин қайд кард, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари раисикунанда аз декабри 2020 принсипҳои дар Оинномаи Созмон муқарраршударо ба роҳбарӣ гирифта, рӯзномаи ҷории Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро, ки ба рушди баъдии низоми амнияти дастаҷамъӣ ва суботи минтақавӣ равона шудааст, пайгирона амалӣ менамояд.
Бо дарназардошти рӯйдодҳои ҷашнии СААД дар соли 2022 – 30-юмин солгарди имзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-солагии таъсиси Созмон, вазирони корҳои хориҷӣ рафти омодагӣ ба чорабиниҳои ҷашнӣ ва ҳамкориҳои кишварҳои узвро дар ин робита баррасӣ карданд.
Вазирон инчунин оид ба масъалаҳои муҳимми рӯзномаи байналмилалӣ чанд изҳоротро қабул карданд. Аз ҷумла, изҳоротҳо доир ба 75-умин солгарди ҳукми Трибунали байналмилалии ҳарбӣ дар Нюрнберг, дар бораи тамдиди Паймон байни Федератсияи Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи чораҳои кам ва маҳдуд кардани силоҳи стратегии таҳоҷумӣ (СНВ-3), инчунин оид ба ҳамкорӣ бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ қабул гардиданд.
Ҷонибҳо инчунин қарор «Оид ба чораҳои муштараки намояндагиҳои дипломатии кишварҳои узви Созмон роҷеъ ба таҳкими корҳои иттилоотӣ дар бораи фаъолияти СААД» ва Нақшаи машваратҳои намояндагони вазорату идораҳои кишварҳои узви СААД оид ба масоили сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои нимаи дуюми соли 2021 – нимаи аввали соли 2022-ро баррасӣ ва қабул намуданд.
Бо дарназардошти хуруҷи қарибулвуқӯи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, вазирони корҳои хориҷӣ ба вазъ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд. Изҳор гардид, ки вазъи Афғонистон ба минтақаи амнияти дастаҷамъӣ дар Осиёи Марказӣ таъсири мустақим дорад ва дар ин робита роҷеъ ба аҳаммияти таҳкими марзҳои ҷанубии СААД ҳамраъйӣ баён карданд. Дар ин росто, зарурати ҳамоҳангсозӣ ва қабули лоиҳаи Барномаи байнидавлатӣ оид ба таҳкими қитъаҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Созмон ва бо дастгирии коршиносони Котиботи СААД таҳия шудааст, таъкид гардид.
Бино бар муроҷиати расмии ҷониби Арманистон, бо дастури Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, Президенти Тоҷикистон, дар ҷаласа вазъи баамаломада дар марзи Арманистону Озарбойҷон низ баррасӣ шуд. Иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Арманистон А.Айвазян ба ҳамтоҳои худ — аъзои Шӯрои вазирони СААД маълумоти дахлдор пешниҳод кард.
Дар ҷаласа инчунин ба ҳодисаҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ишора рафт. Вазирон бар он ақида буданд, ки ин гуна масъалаҳо бояд танҳо тавассути гуфтушунид ва ҷустуҷӯи роҳҳалҳои барои ҳар ду ҷониб қобили қабул бар асоси принсипҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ҳаллуфасл шаванд.
Бо дарназардошти таваҷҷуҳ ба фаъолияти Созмон, вазирон инчунин доираи эҳтимолии кишварҳо ва созмонҳое, ки метавонанд мақоми Нозир ва Шарики СААД-ро ба даст оранд, баррасӣ намуданд. Тавофуқ ҳосил шуд, ки қабл аз ҳама номзадии давлатҳо ва созмонҳое, ки бо СААД тамосу ҳамкориҳо барқарор кардаанд, аз ҷумла ИДМ ва СҲШ, мавриди баррасӣ қарор гирад.
Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД дар рӯҳияи созанда, ки хоси кишварҳои узви Созмон мебошад, баргузор шуд. Дар фарҷоми ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул ва имзо гардиданд.
АКСҲО аз АМИТ «Ховар» ва ВКХ ҶТ


















Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид






