Дар Душанбе форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мешавад

Май 16, 2021 08:50

ДУШАНБЕ, 16.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 май дар Душанбе форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар медиҳад.

Миссияи истеҳсолкунандагони молҳои Қазоқистон дар Тоҷикистон аз 17 то 19 май дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев доир мегардад.

Форуми тиҷоратӣ аз ҷониби ҶСК «Маркази рушди сиёсати тиҷоратии «QazTrade»»-и Қазоқистон ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ташкил карда мешавад.

Интизор меравад, ки дар форум намояндагони ширкатҳои миллии соҳибкории Қазоқистон ва Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни иқтисод ширкат варзанд.

Намояндагони ҷомеаи тиҷоратӣ имконияти таъмиқи ҳамкориро баррасӣ мекунанд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Май 16, 2021 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд